Суханрониҳои раиси ноҳия

Сухани табрикотии раиси ноҳияи Ховалинг Акрамзода Парвизба ифтихори Рӯзи модар

Сухани табрикотии раиси ноҳияи Ховалинг Акрамзода Парвиз ба ифтихори Рӯзи модар

Модарону бонувони  арҷманд!
Хоҳарон ва фарзандони азиз!

Таҷлили Рӯзи модар дар кишвари азизи мо рӯзҳои аввали фасли гулрези баҳор ҷашн гирифта, ҳамчун  рамзи накҳату зебоӣ,  нафосату поксириштӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба Модар ба шумор меравад. Агар баҳор арӯс ва олиҳаи ҳусни сол маънидод шавад, пас   Зан – Модар олиҳаи ҳуснорои зиндагӣ, покиву иффат, озодагию назокат  ва меҳрубонию садоқат аст. Аз ин рӯ, бо эҳтироми хоса  тамоми модарону бонувони гиромӣ ва духтарони азизи ноҳияи Ховалингро самимона ба Рӯзи Модар табрик гуфта, саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор таманно менамоем.

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳар чӣ доранд ин ҷамоат, аз дуои модар аст.

Он биҳиштеро, ки Қуръон мекунад тавсифи он,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

Баҳор ин фасли эҳёи табиат, шукуфтани гулҳо, дамидани сабзаҳо ва ҷомаи гулрез ба  бар  кардани дашту саҳрои сарзамин буда, маҳз дар ин айём таҷлили  Рӯзи модар неку хуҷаста аст, зеро модар оғозгари зиндагӣ, бахшандаи ҳаёт ва ибтидои нияту иқдоми тоза мебошад.

Барои миллати шарафманди  мо Модар ҳамчун шахси муқаддасу маҳбуб шоистаи  мақому манзалат, қадру қиммат, ҳурмату эҳтиром ва арзандаи қадршиносиву  дӯстдорӣ мебошад.

         Ба забон гирифтани номи Модар қалбро як ҷаҳон ҳисси гуворо бахшида, меҳри Модар сарчашмаи илҳоми суханпардозон, нерӯи бозӯи паҳлавонон, ҷасорати ҷавонмардон ва дуои некашон  иқболбахши ҳар як инсон ва аз хатарҳо нигаҳбон  аст.

Модар бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибони фарзанд буда, пайваста азму талош менамояд, ки  фарзанд сиҳату  солим,  соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар ба камол расида, содиқона ба Ватан хизмат намояд.

Ба қадри шири поки модар нарасидан, заҳмати бедорхобиҳои ӯро фаромуш кардан, ба падару модар ситам кардан ва дар пириву дармондагӣ ба қадри ранҷу азоби онҳо нарасидан бузургтарин гуноҳ аст. Мо фарзандон агар тамоми умр ба модари худ хизмат кунем, бо ранҷу шабзиндадорӣ ва заҳмати ӯ ба хотири тарбияву ба камол расонидани мо баробар шуда наметавонад.

Модарону бонувон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат дар ҷомеаи мо мақому мартабаи шоистаро соҳиб гардида, бо ифтихор гуфта метавонем, ки имрӯз бонуи тоҷик роҳбари кордон, муҳаққиқи донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст.

Вобаста ба вазъи иҷтимоии занон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, рушди оила, сиҳатии модару кӯдак,  фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкорӣ ва ҷалб намудани занон ба корҳои роҳбарикунанда як қатор  барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расида, амалӣ мегарданд.  Маҳз бо шарофати ғамхориҳои муҳтарам Пешвои миллат дар баробари ҳазорҳо бонувони соҳибфазл  бонувону духтарони ноҳияи Ховалинг дар шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ кору фаъолият намуда, баҳри шукуфоии Ватани азиз саҳми худро мегузоранд.

Модарону хоҳарони азиз!

Дар фарҳаги миллати мо оила ҳамчун арзиши ниҳоят гаронбаҳо ва омили асосии солимии ҷомеа арзёбӣ гардида, ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ, мактаби беҳтарини зиндагӣ ба шумор рафта, маҳз модар ҳамчун тарбиятгари асосии оила дар самти таълиму тарбияи фарзанд, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон саҳми муассир дорад.

Аз ин лиҳоз, модарони азизро мебояд  хусусан духтаронро ҷиҳати донишандӯзӣ ва аз худ намудани касбу ҳунар тарбия намуда, ба сабру таҳаммул, эҳтироми суннату арзишҳои миллӣ, интихоби роҳи дурусти ҳаёт ва барпо намудани оилаи солиму устувор ҳидоят намоянд.

         Модарону  бонувони мо аз қадим ҳамчун занони  покизарӯзгор дар остонаи ин ҷашни бузург хонаву дар, сару либос, асбобу ашёи рӯзгор,  ноҳияву маҳал ва  гузари худро тозаву озода карда, боғу гулгаштҳоро ба тартиб оварда, бо хуррамгардониву гулу ниҳолшинонӣ  Наврӯзи оламафрӯзро бо дили саршор аз меҳру муҳаббат ва хонаву дари покиза истиқбол мегирифтанд. Баргузории ҳашару шанбегиҳои умуминоҳиявӣ, корҳои тозаву ободонӣ, сабзу хуррамгардонии ҳудуди ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ маҳз бо ташаббусу фаъолнокии занон бори дигар собит намуд, ки бонувони ноҳияи Ховалинг анъанаи ниёгони хешро арҷгузорӣ намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ пешсафанд.

         Итминони комил дорем, модарону бонувони арҷманди мо чунин суннатҳои деринаи миллиро дар оянда низ идомаи нек бахшида, дар ободии Ватани азиз, оромии ҷомеаи кишвар ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли тоҷик  нақши пурарзиш мегузоранд.

         Файзи ҳасти аз вуҷуди меҳрубони модар аст,

         Асли мо, ному нишони мо забони модар аст.

Бо чунин умеду орзуҳои нек Шумо, модарону бонувони арҷмандро бори дигар ба муносибати ҷашни фархундаи баҳору зебоӣ- Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, тандурустиву саодатмандӣ, сулҳу оромӣ, осмони беғубор, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда таманно дорем.

Идатон  муборак, модарон ва бонувони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *