Хабарҳо

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!

Размандагони майдони набард қадрдонӣ гардиданд

Аз Ғалабаи Иттиҳоди Шуравӣ бар Германияи фашистӣ 74-сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳанӯз ҳам ёди он нафароне, ки барои ҳифзи марзу буми ин Ватан мубориза ва ҷонсупорӣ намуданд дар дили ҳар як шаҳрванди Шӯравӣ ҳасту мемонад ва фаромӯш нахоҳад шуд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ 22-июни соли 1941 бо шикастани аҳдномаи Германияи фашистӣ ва ворид шуданаш ба хоки Шуравӣ оғоз гардид. Дар ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 90 миллион нафар маъюб гардида, 50 миллион нафар ҷони худро аз даст доданд. Ҳисороти ин ҷанг бошад, 1 триллиону 117 миллион долари америкоиро ташкил намуд. Хӯшбахтона, 9 майи соли 1945 Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ ба охир расид. Ба хотири қадрдонӣ аз мардони муборизи Ватан ҳамасола 9-май ҳамчун Рӯзи Ғалаба дар саросари кишвар ва мамолики Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешавад.

Баҳри поси хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва қадрдонӣ намудани он нафароне, ки дар ин ҷанг иштирок намуданду айни ҳол давлати пирӣ меронанд, санаи 7-майи соли ҷорӣ намояндаи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламхон Наимӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Назарзода Бахтиёр, раиси ноҳияи Ховалинг Акрамзода Парвиз Акрам ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг Сафар Халилов аз ҳолу аҳволи се нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абулло Самиев, Салом Рабиев ва Аҳёхуҷа Мирзоев дидан намуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳкокимияти давлатии вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон, зимни супоридани туҳфаҳои пулӣ саломи гарму самимонаи Сарвари давлатро ба эшон расониданд. Зимни дидор аз хонаи ҳар яке аз ин иштирокчиён онҳо аз ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ибрози миннатдорӣ намуда, хушнуд аз онанд, ки давлат ҳама вақт аз ҳолу аҳвол ва зиндагии онҳо дидан менамояд. Инчунин, ин пирони рӯзгордида аз он замонҳои шуму сахтии рӯзгор ва даврони ҷанги хонумонсӯз ёдовар шуда, шукри ободию озодӣ, шукри серию пурии дастархони мардуми шарафманди кишварро мекунанду дар ҳаққи давлату миллат ва Сарвари оқилу хирдаманд дуои нек намуданд. Маврид ба ёдоварист, ки дар дили ҳар яке аз ин пирон умеду ҷасорати ҳамин як ибора аст, ки онҳо аз хизматҳои имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат миннатдоранд. Ва бояд қайд намуд, ки хизмати софдилонаи ҳар як соҳибватан, ки дар роҳи ободию озодии ватани азиз ба сомон мерасад, аз мадди назари давлату ҳукумати кишвар дӯр намонда, дар ҳама ҳолат қадрдонӣ мегардад. Чуноне гӯфтаанд: Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад. Аз тарафи бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия низ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ туҳфаҳои хотирмон супорида шуд, ки ин гувоҳи аз қадрдонии ҷавонон нисбати родмардони майдони набард мебошад. Пас ҷавонони имрӯзаро мебояд аз ҷасорату мардонагии ин ахтарони майдони набард таҷриба омӯхта, баҳри ҳифзи марзу буми ватани азизамон бетарафӣ насозанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *