Хабарҳо

Ташрифи вазири корҳои дохилӣ ба ноҳияи Ховалинг

Ташрифи вазири корҳои дохилӣ ба ноҳияи Ховалинг

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта (26.05.2019.) Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи аз назаргузаронидани сохтмонҳои ҷашнии ноҳия меҳмони кормандони Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия буд.

Ӯ бо ҳайати ҳамроҳонаш пас аз тамошо ба ёдгориҳои таърихӣ ва нигораҳои осорхона таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ба кори кормандони ин муассиса баҳо ва маслиҳатҳои судманд дод. Аз ҷумла, иброз дошт, ки Ховалинг дар ҳақиқат ҷои таърихӣ ва зеботабиату боғановат буда, мебояд ҳар як ёдгории таърихию фарҳангӣ чун гавҳараки чашм ҳифз ва эҳё карда шавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *