Паём ва суханрониҳои Президент Фарҳанг Хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг дар чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми Ховалинг» бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Барномаи рангини фарҳангӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ховалинг бо иштироки зиёда аз 10 ҳазор нафар сокинони сарбаланду меҳандӯсти ноҳия баргузор гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ин чорабинии фарҳангӣ, нахуст миннатдории давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тамоми мардуми меҳнатдӯсту сарбаланди ноҳияи Ховалинг барои пуштибонӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат баён доштанд.

Таъкид гардид, ки бо заҳмати пайвастаи сокинон, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номуси диёр маркази ноҳияи Ховалинг дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бамаротиб ободу зебо гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти нави хидмативу маишӣ ва варзишию фарҳангиро, ки дар доираи омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сурат гирифтаанд, намунаи ибратбаш аз талошҳои сокинони ин ноҳияи мамлакат арзёбӣ карданд.

Сокинони ноҳияи Ховалинг аз чорабинии фарҳангии «Шоми Ховалинг», ки бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилнишин дар васфи Ватан ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома кард, ҷаҳони маънавии худро ғанӣ гардонида, дар фазои сулҳу оромии диёр бо ҳам шодию хурсандӣ намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *