Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо

Қадрдонии кормандони соҳаи тиб аз ҷониби раиси ноҳия

Қадрдонии кормандони соҳаи тиб аз ҷониби раиси ноҳия

Санаи 16-августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии раиси ноҳия бо кормандони соҳаи тандурӯстӣ доир гардид.

Бояд қайд намуд, ки соҳаи тиб яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа ба шумор рафта, давлат ва Ҳукумат нисбати ин соҳа таваҷҷӯҳи хоса дорад ва мардум низ ба ин соҳа эҳтиёҷи бештар доранд. Боиси хурсандист, ки моҳи августи соли равон зимни сафари кори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг барои беҳбуд бахшидани соҳаи тандурустӣ аз тарафи Сарвари давлат 4-адад автомашинаи ёрии таъҷилӣ бо тамоми шароитҳои наву замонавии ба ин соҳа марбута тақдим карда шуд. Аз ҷумла, як мошини ёрии таъҷилӣ (реомобил), ки метавон дар ҳолатҳои фавқулода беморро дар дохили ин мошини ёрии аввалия то ҷойи лозима ҷарроҳӣ намуд. Дар ноҳия 3 беморхона, 1 дармонгоҳ ва 29 бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда, ҳамчунин вобаста ба ин соҳа қариб 300 корманди соҳибкасб кору фаъолият доранд. Имсол бошад бахшида ба пешвозгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 адад бунгоҳҳои тиббӣ сохта ба истифода дода шуд ва якчанд бунгоҳҳои тиббӣ сохтмонашон идома дошта, дар арафаи анҷомёбианд.

Чуноне, ки медонем, оиди соҳаи тиб ва надоштани таҷҳизотҳои тиббӣ ноҳияи Ховалинг мушкилиҳои зиёд дошт, ки ҳатто беморонро дар бисёри ҳолатҳо ба минтақаи Кулоб ва шаҳри Душанбе бурда он ҷо табобат мекарданд. Имрӯз шукрона аз даврони соҳибистиқлолию ободӣ, шукрона аз Сарвари ғамхору меҳанпараст, ки барои тамоми соҳаҳо имконияту шароитҳоро фароҳам сохта, танҳо аз мо содиқона хизмат карданро талаб менамояд.

Зимни вохӯрӣ раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам кули кормандони соҳаи тибби ноҳияро ба рӯзи касбиашон самимона табрик намуда, дар ин ҷодда хизмати софдилонаву содиқонаро аз онҳо талаб намуд. Иброз дошт, ки ҳар табиб пеш аз ҳама бояд хӯшмуомила бошад, бо беморон бо мулоиматӣ муносибату гуфтор намояду бо сухани нек онро муолиҷа намояд.

Дар фароварди вохӯрӣ аз тарафи раиси ноҳия ба чанд нафар корманди соҳаи тандурустии ноҳия ифтихорномаву сипоснома барои хизматҳои арзанда тақдим карда шуд.