Хабарҳо

Рафти корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ховалинг

Рафти корҳои ободони дар ноҳияи Ховалинг

Дар ноҳияи Ховалинг тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо корҳои мушаххас роҳандозӣ карда мешавад.

Нимаи дуюми рӯзи 26.12.2019 бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунонӣ ва хурамгардонӣ дар гушаву канори ноҳияи зебоманзари Ховалинг баргузор гардида, ин амали нек идома дорад.

Бо ташабуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар атрофи варзишгоҳи марказӣ ва “Амфитеатр”  дар масоҳати зиёда аз 2 га замин бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам ва доираи васеъи кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва идораву муассисаҳо зиёда аз 1500 бех дарахти ороишии навъи арча шинонида шуд.

Дар баробари ин корҳои ободонӣ бунёдкорӣ ва созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ идома дошта, то охири моҳи равон дар кӯчаҳои марказии шаҳраки Ховалинг зиёда аз 3000 бех дарахтони ҳархелаи ороишӣ шинонида мешавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *