Хабарҳо

Таҷлили соли нави 2020 дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ

Таҷлили соли нави 2020 дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ

Соли нави мелодиро имсол сокинони ноҳияи Ховалинг бо хушнудию фараҳмандӣ зери партави сулҳу ободӣ ва тинҷию оромӣ  таҷлил намуданд. Шоми 31-уми декабри соли 2019 дар бофарҳангӣ-фароғатӣ дар зери пояи Парчами миллӣ арчаи зебову хурраме ороиш дода шуда буд ва сокинон дар наздики ин арчаи зебо омад-омади соли 2020-ро истиқбол менамуданд.

Бо савту наво, хурсандию хушнудӣ ва суруду таронаҳо  сорабинӣ оғоз гардид ва нахуст раиси ноҳия ҳозиринро ба муносибати ин санаи таърихӣ таҳният гуфт. У зимни суханрониша иброз дошт:

Ҳамдиёрони азиз, ҳизирини муҳтарам !

Имрӯз мо ба соли 2019 падруд гуфта, баъди чанд соат Соли Нави 2020-ро бо қаноатмандӣ аз сиёсати сулҳҷуёна ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз мегирем. Соли 2019 дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии мамлакат ба мардуми ноҳия ҳамчун соли пур аз воқеаҳои хотирмону фараҳбахш ва соли оғози созандагию бунёдкорӣ ва маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърих нақш хоҳад баст.

Дастуру супоришҳо аз ҷараёни сафари кории Сарвари давлат ба ноҳия ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳое буданд, ки барои расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ, яъне чор самти стратегии ҳаёти мамлакат аз қабили таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, таҳким бахшидан ба соҳаи коммуникатсия, саноатикунонии кишвар ва амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар ин самтҳо равона гардидаанд.

Дар соли 2019 санаҳои мубораки Наврӯзи байналмилалӣ, 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои қабули Парчами миллӣ, забони тоҷикӣ ва дигар чорабиниҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ ва сиёсӣ дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ҷашн гирифта шуданд.

Ҳамзамон дар ноҳия як зумра иншоотҳои хурду бузург аз ҷумла, боғи Парчами миллӣ ва Нишони давлатӣ, бинои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бинои шуъбаҳои беморхонаи марказӣ, бинои Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, бинои беморхонаи №2 ва муассисаи таълимӣ дар Ҷамоати Лоҳутӣ, бинои меҳмонхона, ҳаммом, амфитеатр ва майдончаҳои варзишӣ бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудаанд.

Инчунин шоҳроҳи Балҷувон-Ховалинг ба истифода дода шуда, дар ноҳия зиёда аз 26 км роҳхои маҳаллӣ сангфарш ва 15 км мумфарш гардонида шуд.

Мардуми ноҳия иҷрои дастуру супоришҳо ва Қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро ба роҳбарӣ гирифта, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба пешравӣ ва дастовардҳои муайян ноил гардиданд.

Дар маҷмуъ соли 2019 бо ҳама бурду бохтҳояш барои сокинони ноҳия соли пурфайзу бобарор ва умедбахш буд.

Нақшаи истеҳсоли ғалладонагиҳо, картошка, меваю сабзвот, асал ва маҳсулотҳои саноатӣ, ки асоси пешрафти хоҷагии халқи ноҳия ба шумор мераванд таъмин карда шуд. Дар давоми сол ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 131929,6 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати соли гузашта 247,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар бобати истифодаи самараноки замин ва ба қадри дусола захира намудани маводҳои озуқаворӣ дар ноҳия чорабиниҳои зиёде амалӣ гардид. Дар натиҷа истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 14194,8 тонна расонида шуд.

Аз ҳисоби хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 6177,5 тонна картошка, 3182,3 тонна сабзавот истеҳсол карда шуд.

Бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи рушди соҳаи боғутокпарварӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист зиёда аз 26000 бех ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан шинонида шуда, 12 гектар боғҳои куҳна барқарор, бунёди боғҳои нав ба 137 гектар расонида шуд, ки ҳолати сабзиши онҳо 93фоизро ташкил медиҳад.

Дар соли нав дар назди мардуми ноҳия вазифаҳо оид ба бунёд намудани 137 га боғи нав, инчунин ба 360 га расонидани майдони кишти картошка пешбинӣ шудааст, ки аз нишондиҳандаҳои асосӣ ба шумор рафта, нисбати соли гузашта 7 га зиёд мебошад.

Дар моҳи декабри соли 2019 хонандагони синфи 11-уми ноҳия дар даври ноҳиявии озмунҳои фаннии соли хониши 2019-2020 иштироки фаъолона дошта, 194 нафар ба даври вилоятии озмунҳои фаннӣ роҳхат гирифтанд.

Умед аст, ки аз оғози соли нави 2020 корҳо оид ба бунёду барқарорсозии иншоотҳои  муҳим ва сохтмони биноҳои маъмурӣ оғоз гардида, ба фаъолияти муассисаҳои хизматрасонии коммуналӣ ҷиҳати таъмини техникаю воситаҳои зарурӣ вусъат бахшида мешавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Оғози ҳар соли нав нақшаҳои нави зиндагӣ ва дурнамои иқтисодию иҷтимоиро дар худ таҷассум мекунад. Имрӯз тамоми талошҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагонии мардум ва рушд бахшидан ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, фарҳангу маънавиёт, тандурустӣ, сохтмону ободонӣ ва умуман инкишофи ҳамаҷонибаи хоҷагии халқӣ ноҳия нигаронида шудааст.

Ба ҳамин орзуву ниятҳои нек ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми ноҳияро бо фарорасии Соли Нави 2020 табрику муборакбод намуда, бароятон дастархони пурфайзу бобаракат, дар корҳоятон фатҳу кӯшоиш ва дар рӯзгоратон осудагию осоишро таманно дорам.

Сипас аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини театркунонидашуда пешкаши аҳли тамошобинон гардонида шуд ва сокинон бо шукргузорӣ ва хурсандии беандоза соли 2019-ро падруд гуфтанд.

Чунин чорабинии рангину гуворо субҳи рӯзи 1-уми январ дар ҳамин макон аз тарафи хонандагон ва омӯзгорони мактаби санъати бачагонаи ба номи Фатҳиддин Тешаев-и ноҳия ба сокинони ноҳия пешкаш гардонида шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *