Хабарҳо

ПАЁМИ ПЕШВО – ҲУҶҶАТИ ОЯНДАСОЗИ ХАЛҚИ ТОҶИК

ПАЁМИ ПЕШВО – ҲУҶҶАТИ ОЯНДАСОЗИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Паёми Президенти кишвар аз лиҳози сохтор самтҳову масъалаҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва соҳаҳои асосии ҳаёти кишварро дар бар мегирад. Боз ба таври ҷузъӣ назар намоем, он масъалаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш, занон, таълиму тарбия, мудофиа, сиёсати хориҷӣ, беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Баъди ба сари қудрат омадани Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии мардуми тоҷик тамоман дигаргун гашт. Мо кормандони соҳаи тандурустии ноҳия аз ин хизматҳои шоён ва бе мислу монанди Пешвои миллат , Президенти мамалакат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаноатманд ҳастем. Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим ва ояндасози ҷомеаи Тоҷикистон паёмҳои Президенти мамлакат мебошанд. Онҳо на танҳо таҳлили натиҷаи солҳои қаблӣ, балки нақшаҳои минбаъдаи сохторҳои гуногуни давлатиро фаро мегиранд. Набояд фаромуш кард, ки солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар ноҳия мутахассисони соҳаи тандурусӣ намерасиданд. Хушбахтона дар Паёмашон ба маҷлиси Олӣ, ки рӯзи 26.12.2019 иро гардид, Сарвари давлат баҳри беҳгардонии хизматрасонии тиббӣ ба аҳоли диққати аввалиндараҷа зоҳир намуданд. Ҳамин тариқ дар паёмашон Пешвои миллат ба рушди соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, музди маоши кормандони соҳаи тандурустиро зиёд намуданд, ки мо кормандони соҳа аз ин дастгириҳои Сарвари давлатамон минатдорем.

Махсусан бо дастгирии Президенти кишвардар ноҳия рӯз  аз рӯз теъдоди мутахассисони маълумоти олидор дар соҳаи тандурустӣ  зиёд гардида истодааст.

Зери сиёсати оқилонаву  ободгаронаи роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду азнавсозии иншоотҳои соҳаи тандурустӣ рӯз то рӯз зиёд мегарданд. Мо  кормандони беморхонаи марказии ноҳия дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳо то ҷон дар бадан дорем барои халқи азизамон ва ободии меҳани биҳиштосоӣ хеш софдилона хизмат менамоем!

А. Валиев сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг