Аксҳо Хабарҳо

Паём роҳнамои корҳои ободонию созандагии ҳар яки мост

Паём роҳнамои корҳои ободонию созандагии ҳар яки мост
Ҳар Паёми Президенти кишвар аз Паёмҳои дигараш бо дарбаргирии масъалаҳо, дастоварду нишондиҳандаҳо, вазифаҳои дарпешистода ва вазифагузорӣ аз якдигар фарқ мекунанд. Паёми навбатӣ низ чун як барномаи мукаммали ҳаёти давлат ва ҳар сокини кишвар дар як давраи муайян буда, бо хусисиятҳои зикргардида аз дигар Паёмҳо фарқ мекунад.
Боиси қаноатмандист, ки аз Паём то Паём Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар қадамҳои устувор ба пеш гузошт.
Пешвои миллат бо қаноатмандӣ қайд намуд, ки дар давоми панҷ сол ҳама нақшаҳои муайяннамуда барзиёд таъмин карда шуданд. Дар ин давра корҳои созандагию бунёдкорӣ равнақи тоза пайдо намуда, саҳми соҳибкорон дар бунёди роҳ, муассисаҳои таълимӣ, табобатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ бештар гардид. Қайд гардид, ки дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуривию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд. Барои чунин саҳмгузорӣ дар рушди кишвар Президенти кишвар ба соҳибкорони бо нангу номус изҳори миннатдорӣ намуд ва афзуд, ки дар оянда ҳам рушди соҳибкории хурду миёна таҳти таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати мамлакат қарор мегирад ва барои фаъолияти пурсамари онҳо тамоми шароиту имконият фароҳам оварда мешавад.
Дар Паём қайд гардид, ки бо роҳи суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд: таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноаткунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул аз тамоми захираю имкониятҳо истифода бурда мешавад.
Дар ин ҳуҷҷати барномавӣ нишондиҳандаҳо ва фаъолияти пурсамари минбаъдаи ҳама соҳаҳо: молия, андоз, саноат, иқтисод, энергетика, нақлиёту коммуникатсия кишоварзӣ экология, сайёҳӣ ва рушди деҳот, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занону ҷавонон, ҳуқуқу волоияти қонун, амнияти миллӣ, гумрук ва сиёсати хориҷӣ таҳлил ва дар доираи онҳо вазифаҳо барои соли 2020 муайян карда шуданд.
Аз моҳи сентябри соли 2020 ба андозаи 10, 15 то 50 -фоиз баланд бардоштани музди меҳнат, стипендия, нафақаи пиронсоли ва маъюбӣ, ки дар Паём баён гардид ба боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Ҷудо намудани замин барои бунёди манзили истиқоматӣ, ки зиёда аз як миллион одамон метавонанд шароити зиндагии худро беҳтар намоянд, ҳамчун зуҳуроти ғамхоронаи Президен ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карда шуд.
Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷаъмона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем.

А.Икромов, сардори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг.