Хабарҳо

Хоини Ватанфурӯш

Хоини Ватанфурӯш

Симои аслии Муҳиддин Кабирӣ хоини Ватанфуруш ва нокасу палид барои тамоми мардуми сарбаланди Точикистон ошкор гардида, уро ҳамагон чун як нокаси фурухташуда мешиносанд. Ин шахси пастфитрату хоини миллат ва ватанфуруш аз дур истода тариқи сомонаҳои интернети суханхои дуруғу фитнаангезро нисбати ҷомеъаи мо, нисбати роҳбарони ҳокимияти кишвари мо ва нисбати сохторҳои давлатии мо паҳн мекунад. Аслан ХНИ ва ташкилкунандаи онҳо хеҷ вақт ба фоидаи мардум кор накардааст ва нахоҳад кард, ҳадафи ягонаи ин палидон танҳо ғасби ҳокимият ва соҳиб гаштан ба мансабҳои роҳбарикунандаи кишвар мебошад, ки ҳаргиз ин нокасон мувафақ намешаванд.

Имруз аз корҳои зишти онҳо тамоми дунё воқиф гардидаанд ва медонанд, ки ин фурухташудагон ягон нияти нек нисбати ин давлату миллат надоранд. Кабирӣ ва дигар аъзоёни ТЭТ ҲНИ бозичаи дасти хоҷагони хориҷии хеш шудаанду ба халку Ватан-модари худ борҳо хиёнатро раво дидаанду боз дар сар фикри нооромиҳои нав ба навро доранд. Ин ташкилоти ба ном исломӣ лек дар асл терористӣ муддати чанд сол аст, ки мардуми Точикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад ва аз дур истода мисли саг аккос мезанаду бо супориши хоҷагони хеш ба сӯи кишвари мо санг мезананд ва обрӯю нуфузи Тоҷикистонро бо суханхои дуруғу бемаъниашон дар арсаи ҷахон паст кардан мехоҳанд.

Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои ин хоинон мо бовари дорем, ки вахдату якдилӣ ва сулҳу суботи Тоҷикистон бебозгашт буда, халқи мо бо азму талошҳои фарзандони ҷонфидои миллат, точику точикзабонони тамоми дунё бо рохнамоии Асосгузори сулху вахдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафҳои олии миллат ноил гардида, мавқеъи геополитикӣ ва геостратегии худро боз ҳам таҳким мебахшад. Саҳми арзанда, хизмати шабонарӯзи ва шуҷоату ҷонфидоии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии чомеъа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёби мегардад.

Гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ташкилоту ҳизбҳои гуногуни ифротӣ ба хусус ТЭТ ҲНИ ва роҳбари ин ташкилот Кабирии фурухташуда ва хоини миллат набояд фаромуш созанд, ки мардуми тоҷик дигар он мардуми содаю гумроҳи солҳои 90-уми қарни гузашта нестанд. Мо ҷавонон имрӯзҳо бо дастгирию тавсияҳои падаронаи Президенти кишвар сиёҳро аз сафед фарқ менамоем ва намегузорем, ки он рӯзҳои сахту сангин дубора ба сари мардуми сарбаланду заҳматкашидаи тоҷик биёяд.

С.Давлатова – котиби матбуотии раиси ноҳия