Хабарҳо

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум)

Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум)

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг санаи 16- и марти соли равон, иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум) бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Мираҳмад Давлатов – директори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар минтақаи Кӯлоб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид.

Иҷлосия бо садо додани суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардида, дар рафти иҷлосия вакилони тозаинтихобшуда, барои содиқона хизмат намудан ба халқу ватан савганд ёд намуда, бо шаҳодатномаи вакилӣ ва нишони сарисинагӣ сарфароз гардонида шуданд.