Хабарҳо

Алҳазар аз гурӯҳҳои ифротӣ!

Алҳазар аз гурӯҳҳои ифротӣ!

Дар ҷаҳони имрӯза кишваре нест, ки аз таъсири амалҳои террористӣ ва экстремистӣ зарар надида бошад.Террор ин таҳдид ба тамаддуни умумибашарӣ буда, ифротгароён арзишҳои олии умумибашарӣ, миллӣ ва динию мазҳабиро зери по карда, бо мақсади амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки худ ба ҷиноят даст мезананд.

Падидаҳои экстремизм ва терроризм имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил ёфтааст. Имрӯз кишварҳои олам барои решакан намудани ин вабои аср муборизаи беамон доранд. Аз ҷумла, кишвари мо низ дар ин ҷода бетараф нест. Ҷумҳурии Тоҷикистон ифротгароиро ҳамчун мушкилоти асри навин ҳисобида, ҳамеша мардумро ҳушдор менамояд, ки аз ин амалҳои номатлуби зараровар дурӣ ҷӯянду ба донишомӯзӣ рӯ оваранд. Зеро ҳамаи масъалаҳое, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меоянд, маҳз аз он нафароне сар мезанад, ки дониши кофии динию дунявӣ надоранд.

Чӣ тавре ки маълум аст, дар баробари ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи дохилӣ ва хориҷӣ раванди эҳёи дин хусусияти ифротгароӣ касб намуд. Ҷиҳати пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иҷтимоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад. Хушбахтона, баъд аз ба даст овардани истиқлолият соли 1994 ва 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар асоси таклифу пешниҳодоти мардуми кишвар қабул гардид. Мақсад аз қабули қонуну қарорҳои мазкур танзим ва таъмини фаъолияти ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ ва ҳифзи дини мубини ислом аз ҳама гуна ифротгароиҳост. Зеро имрӯз дини мубини ислом аз ҷониби баъзе гурӯҳҳо дар шаклҳои гуногун ҳамчун омили низоъу муноқишаҳо истифода шуда истодааст. Дар ин замина мо бояд таҳдид ва хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва таҳдид ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом доранд, муайян намуда, интишори онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем.

Мо – шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият дастовардҳои Истиқлолияти давлатии худро бо меҳнати софдилона дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ саҳмгузор бошем.

Раҳматулло Рабиев – Директори маркази иммунопрофилактикаи ноҳияи Ховалинг