Хабарҳо

Аз аттестатсия гузаштани омӯзгорон ислоҳот мехоҳад

Аз аттестатсия гузаштани омӯзгорон ислоҳот мехоҳад

Дар даврони Шӯравӣ аттестатсияи омӯзгорон гузаронида мешуд. Яъне омӯзгоронро барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи дониш ва малакаи зеҳнии хонандагон аз санҷиш мегузарониданд ва омӯзгори соҳибистеъдоду соҳибмалака, ки аз санҷиш гузашт боз ноил мегардад ба номи пуршарафи омӯзгорӣ. Усули гузаронидани омӯзгорон аз санҷиш чан номинатсия дошт, ки яке аз онҳо нашр намудани мақолаҳо дар рӯзномаҳои даврӣ буд. Омӯзгорро мебоист дар вақти фаъолияташ якчанд мақолаҳои илмию методӣ нашр менамуд. Ин ҳолат то имрӯз давом дорад. Ҳол он, ки тамоми соҳаҳои давлатӣ усулу равиши он давраро партофта бо тарзу усули нав корбарӣ доранд. Соҳаи маориф бошад, то имрӯз барои аз санҷиш (аттестатсия) гузаронидани омӯзгорон ҳамон методу усулҳои даврони Шӯравиро талаб дорад. Дар натиҷа омӯзгор маҷбур мешавад, ки ба журналистон муроҷиат намояд, то аз номи онҳо дар шумораҳои рӯзнома мақолаҳо ба табъ расонанд, ки ин худфиребӣ аст. Омӯзгор журналист нест ва аксарияташон аз уҳдаи эҷод намудани мақолаҳо намебароянд, аммо қобилияти хуби омӯзгорӣ доранд ва ҳар як мавзӯи дарсиро ба хонанда пурра шарҳ дода, мазмуну муҳтавои онро дар зеҳни хонанда ҷой месозанд.

Мақолаҳои илмию методиро мебояд мушовирон (методистон) ва нозирон шуъбаи маориф навишта ба омӯзгорон пешниҳод кунанд, то аз рӯи методикаи онҳо омӯзгорон истифода баранд. Мушовирону нозиронро зарур аст аз рӯи маводҳои илмию методии нашрнамудаи худ дар мактабҳо дарсҳои кушод тартиб дода, натиҷаи дараси худро санҷанд ва мушоҳида созанд, ки то кадом андоза хонандагон бо ин усул дарсро аз худ менамоянд, пас усули беҳтаринро ҷорӣ созанд. Ҳамзамон ба омӯзгор озодӣ додан лозим аст, то ба ҳар усуле, ки тавонад ба хонанда донишу малака бидиҳад.

Камбудии дигар дар мактабҳо ин аз омӯзгорон талаб намудани нақшаи яксоатаи дарсӣ аст. Маъмурияти шуъбаи маорифро мебояд фармоиши шуъбаи маориф дар бораи озод намудани омӯзгорони соҳибтаҷиба аз навиштани нақшаи яксоатаро барорад. Зеро кам нестанд омӯзгороне, ки қобилияти хуби зеҳнӣ дошта, бе нақшаи яксоата дарсро шавқовар гузаронида мазмуну муҳтавояшро дар зеҳни хонандагон ҷой месозад. Агар чунин усулу методҳои навро ба кор барем боварӣ дорам, ки дар пешрафти соҳаи маориф ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва завқмандии омӯзгорон ба ин соҳа мо ба ҳадафи худ мерасем.

Аҳтам Одинаев,  собиқадори соҳаи маориф.