Хабарҳо

Сабабҳои асосии паҳншавии  бемории COVID-19

Сабабҳои асосии паҳншавии  бемории COVID-19

Коронавирус беморие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, Созмонҳои Умумиҷаҳонии тандурустӣ бошад баъди талошҳои зиёд дар марҳилаи озмоишии ваксинаи он қарор дорад. Коронавирус дар як муддати кутоҳ тавонистааст ба беш аз 190 давлати дунё хуруҷ кунад. Офиятёбӣ аз бемории COVID-19 рӯз то рӯз зиёд гардида, теъдоди ҳалокшудагон низ рӯ ба афзоиш аст. Сабаби асосии паҳншавии ин беморӣ дар мадди аввал ҷиддӣ нагирифтани он буд ва имрӯз аз хуруҷи COVID-19 иқтисоди ҷаҳон низ зери таъсир қарор гирифта рӯ ба коҳиш дорад. Мутахасисиони соҳаи тиб ва вирусшиносон имрӯз коронавирусро «пандемия»-яъне вабое, ки қисми зиёди аҳолии мамлакат ва гурӯхи кишварҳоро фаро мегирад ном ниҳоданд. Вале хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол ягон нишонаи сироятёбӣ аз Коронавирус ба қайд гирифта нашуда, масъулин бар он талош доранд, ки чораҳои омодабош ва пешгирикунандаи саривақтии коронавирусро ба таври ҷиддӣ андешанд ва аз сироятёбии мардум ба ин беморӣ ҳимоят кунанд.

Дар хусуси он, ки COVID-19 то кадом андоза ҷиддӣ ҳаст, мардум оиди пешгирӣ ё нигоҳ доштани саломатии худ аз ин беморӣ чӣ корҳоро анҷом бояд диҳанд ва масъулини соҳаи тандурӯстӣ, махсусан Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия барои ҳолатҳои омодабош ва чораҳои пешгирикунандаи саривақтӣ аз бемории коронавирус чӣ корҳоро дар ноҳия ба анҷом расониданд суҳбате доштем бо Абдунабӣ Алиев сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия.

Сараввал мехоҳам каме дар хусуси бемории Коронавирус маълумот диҳед ва гӯед ки асоси хуруҷи ин беморӣ чист ва чӣ қадар ҷиддӣ ҳаст ҳолати он?

Коронавирус-оилаи (Coroviridae)-вирусҳои дорои РНК бо андозаашон 80-160 см, ки пардаи липосомӣ доранд, аз оилаи калони вирусҳо буда, дорои хосияти беморкунии одам ва ҳайвонотро дорад.  Маълум карда шудааст, як гурӯҳ коронавирусҳо дар одам бемориҳои шадиди роҳҳои нафасро аз зукоми оддӣ то бемориҳои шадиди вазнин ба монанди аломатҳои нафастангӣ (БВРС), аломатҳои шадиди вазнини роҳҳои нафас оварда мерасонад. Ин бемориест, ки охирин бақайд гирифта шуда, СOVID-19 ном дорад.

СOVID-19 бемории сироятӣ мебошад, ки  аз  ҳисоби коронавирусҳо ба амал меояд. Паҳншавии ин  сироят дар охирҳои соли 2019 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифта шудааст.

Ба ҳамагон маълум аст ва аз тариқи садову симо низ оиди паҳншавии COVID-19 ба давлатҳои хориҷ хабар медиҳанд, ки ин беморӣ то кадом андоза паҳн гардидааст, инчунин бисёре аз шаҳрвадони хориҷ сироят ёфтаанд. Барои  пешгирӣ кардани саривақтӣ аз сироятёбии бемории Коронавирус соҳаи тандурустии ноҳия ё худи маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия чӣ чораҳо андешид ва чӣ корҳоро ба анҷом расонид?

Хушбахтона гарчанде, ки то ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбии аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам бо мақсади пешгирии паҳншавии минбаъдаи сирояти коронавирусҳо ва дигар сироятҳои вирусии ба он монанд, тибқи Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амру қарорҳои Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии, Маркази вилояти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон дастуру супоришҳо пешниҳод гардида, инчунин дар ноҳия ситоди ноҳиявӣ оид ба ҳолати омодабоши муассисаҳои тандурустӣ ва чораҳои пешгирии бемории коронавирус ташкил карда шуда ҷиҳати пешгирӣ ва ҳолатҳои омодабош аз ин беморӣ дар беморхонаи маркази як қатор корҳои пешгирикунанда анҷом дода шудааст. Аз ҷумла ошёнаи дуюми шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказӣ, ки бинои наву замонавӣ ҳаст ва ба тамоми талабот ҷавобгӯ мебошад барои бистарикунии гумонбарони бемории коронавирус омода намуда, лавозимотҳои зарурӣ  аз қабили ҳароратсанҷ, дастпӯш, ниқоб, либосҳои муҳофизатӣ, бахил, сӯзандоруҳо, пахта ва монанди ин дастрас карда шудааст. Илова бар ин аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ситоди ноҳиявӣ доир ба масъалаи пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои омодабош ва чораҳои пешгирикунандаи саривақтӣ аз бемории коронавирус ташкил карда шуд, ки дар ин замина дар якҷоягӣ бо Маркази дизинфексияи профилактики ноҳия корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла барои пешгири бемориҳои сироятӣ аз тарафи Маркази дизинфексияи профилактики ноҳия дар ҳаҷми 16820 м2 корҳои дизинфексионӣ ва дератизасионӣ дар масҷидҳо, терминали мусофиркашонӣ, майдонҳои варзишӣ бозори марказӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳия ва ҷойҳои умумӣ бо тариқи ройгон анҷом дода шуда, кор дар ин самт ҳоло ҳам идома дорад.

Яке аз роҳҳои асоси пешгирӣ аз сироятёбӣ хусусан офияти бемории Коронавирус ин риояи талаботҳои санитарию гигенияи шахсӣ миёни мардум аст. Мегуфтед, ки мардум чӣ корҳоро бояд анҷом диҳанд?

Нишонаҳои асоси бемории коронавирус ин  ҳарорати баланд, сулфаи хушк, хасташавӣ, инчунин дар баъзе беморон  дар узвҳои гуногуни бадан, маҳкамшавии бинӣ ё равиши оби бинӣ ва дарунравӣ мебошад. Чи хеле, ки маълум аст нишонаҳои бемории  СOVID-19  ва бемориҳои вирусии ба он монанд, оҳиста-оҳиста пайдо шуда,  бо ҷараёни суст мегузаранд. Дар бисёр ҳолатҳо сироятёбӣ бе нишона ва ҳолати бемории умумӣ мегузарад. Қариб 80 %  беморон дар вақти гирифтани табобат сиҳат меёбанд. Ҳаминро бояд хотиррасон намоям, ки дар ин бора табобати махсус лозим нест.

Ин беморӣ дар бисёр ҳолатҳо дар шахсони пиронсол ва дорои бемориҳои фишорбаландӣ, бемориҳои қалб ё ин ки диабети қанд мебошанд, хатари баланд дорад. Дар ҳолати пайдо шудани ҳарорати баланд, сулфа нафаскашии душвор мебояд таъҷилан ба духтур муроҷиат намоянд.  Барангезандаи ин беморӣ тавассути ҳавоӣ-қатрагӣ, тамосӣ, даҳонӣ  аз шахсони дигар, ки сироятёфта мебошанд, интиқол меёбад. Беморӣ аз одами сироятёфта ба одами сиҳат тавассути қатрачаҳои хурд, ки аз бинӣ ва оби даҳон ҷудо мешавад дар ҳолати сулфа ё ин ки атса сироят меёбад. Қатраҳои хурд дар гирду атроф, ашёҳо ва таҷҳизотҳое, ки моро иҳота намудаанд, паҳн гашта, шахси сиҳат дар натиҷаи истифодаи он ва ба ҳар гуна ашёҳо даст расонидан, инчунин ба бинӣ, чашмон ва даҳон, ки аз пардаҳои луобӣ иборат буда осебпазир мебошанд, сироят меёбанд.

 Аз ин лиҳоз чӣ хеле, ки қайд кардам шаҳрвандонро мебояд, ки аввалан ба гигенаи шахсӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Ҳангоми истифодаи маҳсулот ё хӯрок ба тозагӣ ва пок нигоҳ доштани он диққат кунанд. Инчунин, пеша аз оғози ҳама ко рва баъд аз қазои ҳоҷат дастонро бо собун шӯянд, ҳангоми суҳбат бо шахси дигар дар масофаи 1,5  метр дур истода суҳбат намоянд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам бесабаб гаштугузор накунанд. Аз туф кардан дар назди одамон худдорӣ намоянд. Ҳангоми сулфа ё атса задан даҳону биниро бо дастрӯймоли яккарата пушонида, фавран дастрӯймолро ба қутии партов партоянд, ё ин, ки даҳону биниро бо ориҷи даст пӯшонанд.

Вобаста ба корҳои оммафаҳмонӣ  ва дизинфексионӣ аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия  дар се моҳи соли ҷорӣ 44 санҷишҳои гуногуни санитарӣ дар марказҳои савдо ва нуқтаҳои фуруши маҳсулотҳои гуштӣ гузаронида шуда оиди нигоҳ доштани ҳолатҳои санитарию гигени суҳбатҳо гузаронида шуд.

Дар хусуси ба карантин гирифтан аз бемории Коронавирус чӣ гуфтани ҳастед?

Низоми асосии ба каранин гирифтани беморон ё гумонбарони бемории  COVID‑19  ин бештар ба шахсоне рост меояд, ки бевосита аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва тавассути дигар давлатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд дар муассисаҳои тиббии муқарраршуда бо  мӯҳлати нигоҳдории муваққатӣ, ки 14 рӯзи тақвимӣ муқаррар карда шудааст нигоҳ дошта мешавад ва дар ин муддат бо хӯроки гарму серғизо, доруворӣ ва маводҳои тиббӣ таъмин карда мешаванд. Дар ҳолати бақайдгирӣ муътадил будани ҳарорати онҳо ва ҷой надоштани намунаҳои гумонбарии ин беморӣ  гумонбаршудагон ҷавоб дода мешаванд, ки ин ҳам яке аз роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбии одамон аз ин беморӣ мебошад.

Вобаста ба ҳолати пешгирӣ ва омодабош аз пеҳншавии бемории сироятии Коронавирус Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия дар якҷоягӣ бо марказҳои дигари тиббӣ корҳои оммафаҳмонӣ ва чораҳои заруриро андешида истодаанд.

Бори дигар хотирасон менамоям, ки то кунун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбии бемории Коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва нисбати ин мардум дар таҳлука наафтанд, вале ҳамеша новобаста аз ҳолатҳои сироятӣ ба гигенаи шахсӣ риоя карда, саломатии худро нигоҳ доранд.

Суҳбаторо Ализода М. А.