Хабарҳо

COVID-19 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст

COVID-19 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст

Имрӯзҳо дар саросари ноҳия тибқи амри раиси ноҳия муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст, ки дар корхонаю ташкиллотҳо, муассисаҳои таълимӣ, љамоту маҳаллаҳо оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз љумла  COVID-19 корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ  монда шудааст.

Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба сокинон љиҳати дода нашудан ба овозаҳои бардуруѓ ҳамарӯза таъкид мегардад.

То ҳол сирояти пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, вале пайваста риоя намудани гигиенаи шахсӣ, эҳтиёт намудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бе зарурат нарафтан ба маконҳои серодам аз шартҳои асосии солимӣ ва мубтало нашудан ба он мебошад.

Аз рӯзҳои нахустини пайдоиши вируси мазкур дар Чин Тоҷикистон барои пешгирии интиқол ва паҳншавии он дар мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешид. Аз ҷумла, ҳамаи нафароне, ки аз хориҷ ба мамлакат ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шуданд.

Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди миллии доимамалкунанда оид ба пешгирии коронавирус таъсис дода шуд. Инчунин дар ҳамаи вазорату идора ва корхонаву муассисаҳо ситодҳои дохилиидоравӣ таъсис ёфта,  фаъол мебошанд.

Бо вуљуди он, ки ин вирус то ҳол дар Тољикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо бадхоҳон ва душманони миллат ҳар рӯз ҳангомаи наверо дар байни мардум паҳн менамоянд. Вале набояд ин душманону бадхоҳони миллат фаромуш созанд, ки офтобро бо доман пушида намешавад ва ба ин дуруѓгӯию фитнаандозии хеш дар байни мардум нуқта гузоранд.

С. Давлатова – котиби матбуотии раиси ноҳия