Хабарҳо

ҶАВОНОН ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТЕМИЗМ!

Терроризм ва экстремизм, ки имрӯз ба хатари ҷиддӣ табдил ёфтааст, ҷомеаи ҷаҳониро бештар аз ҳарвақтаи дигар ба ташвиш овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол пеш бо эҳсоси ин хатари ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дода буданд, ки ба он бетафовут набошанд ва дар ин самт тадбирҳои заруриву муассир биандешанд.

Истилоҳи террор аз вожаи лотини “terror” баромада, дар забони тоҷикӣ мазмунан маънои тарс, даҳшат ва ҳаросро ифода мекунад. Яъне маънои онро дорад, ки мардуми террорист мисли шахсони афсурдаҳоли роҳгумзада (маньяк) амал намуда, тавассути фикру андешащои пасту ғаразноки худ осоиши мардуми осоиштаро барҳам зада ҷони садҳо афроди бегуноҳро мегиранд.

Ин қишри нопоки ҷомеа роҳи якдигарфаҳмӣ ва гуфтор надоранд. Шахсоне террорист мешаванд, ки саводи кофӣ надоранд ва ба ҳар гуна фитна тез гирифтор мешаванд. Ҳадафи аслии террористон хоҷагони ин афроди палид ғасби ҳокимият ва ба даст овардани мансаб мебошад. Ба хотири ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан бештар аз ҳама аз занону ҷавонон суистифода менамоянд. Ягон нафар аз ин қисми нопоку палид ҷони худро дар хатар намегузоранд. Оё то ҳол шунидаед, ки ягон сардори гурӯҳи террористӣ худро таркондааст, ё ин ки дар ягон амалиёти ҳарбӣ иштирок намудааст. Ҳар як шахс дар давоми зиндагии худ нуқтаҳои осебпазири худро дорад, аз ин истифода бурдан хеле осон мебошад. Махсусан ин зуҳурот дар байни ҷавонон бештар паҳн шудааст. Дар боробари ҷаҳонишавӣ (глобализации) имрӯзҳо ҳаракати ҷавонони давраи мо барои тез пулдору молдор шудан ва дарёфти зиндагӣ беҳтар маҷбур мекунад, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намоянд. Махсусан чунин ҷавононро дар муҳоҷирати меҳнатӣ бо ваъдаи соҳиби маблағи калон шудан фирефтаи хеш сохта, ба ҳар гуна ҳаракатҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ мекашанд.

Дар замони муосир ин падида ҳамчун хатари умумиҷаҳонӣ дониста мешавад ва танҳо бо муттаҳидии тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба ин падидаи манфур мубориза бурдан имкон дорад. Бисёре аз таҳлилгарон онро бо исломи радикалӣ, фундаменталӣ мепайванданд, ки мақсади онҳо барҳамдиҳии давлатҳо (ҳукуматҳо)-и дунявӣ ва исломие, ки ба андешаи онҳо бо ном исломианд, инчунин тамаддунҳои зеҳние, ки дар бунёди хилофати исломӣ монеъ мешаванд. Воқеан, хушунати экстремизм ва терроризм сол то сол боз ҳам васеътар гардида, дар аксар мавридҳо инкишофи ин зуҳурот аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз эътиқоди динии аҳолӣ ва номукаммал будани дониши динии ҷавонон ба амал бароварда мешавад.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатар ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои муосир дар минтақа дар сафи пеш қарор дорад. Ҳукумати кишварамон барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм “Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”-ро тасдиқ кард, ки бар асоси он мубориза бар зидди ифротгароӣ ва зӯроварӣ пурзӯр карда мешавад. Ҳар фарди кишвар, аз он ҷумла ҷавонон бояд ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти ватани азизамонро ҳамаҷониба қадр намуда, ба чунин арзишҳои муқаддас арҷ гузоранд.

Ҳамин тавр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёмашон оқибати бади ин зуҳуроти номатлубро бозгӯ мекунанд. Мақсад аз ин ҳама шинохти дуруст ва муборизаву истодагарӣ ба муқобили ин вабои аср аст. Дар чунин маврид ва вазъи мураккаби ҷаҳон ҳар шаҳрванд бояд огоҳ бошаду зиракии сиёсиро аз даст надиҳад, то истиқлолият ва миллату давлат пойдор ва пешрафта бошад.

 

Директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Ховалинг, аълочии соҳаи тандурустӣ Муродов  С.