Хабарҳо

Самаранок пешгири намудани зуровари дар оила

Зӯровари дар оила – кирдори зиддиҳуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳи, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии у мегардад ё таҳдиди расонидани чунин  зарарро ба вуҷуд меорад. Низоъҳо ва нофаҳмиҳо дар  ҳама муҳити муоширати инсонҳо ҷой доранд ва бешубҳа як ҷузъи ҷудонашавандаи муоширати байни одамон мебошанд. Вақте , ки ҷонибҳои муноқишакунанда озодона ақидаи худро бидуни нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои мухолиф баён мекунанд, ин  рафтори зӯроварона нест, ва баръакс, вақте фикру иродаи  як иштирокчии  муноқиша бо ҳамсуҳбаташ дигар таҳмил мегардад ,  муноқиша  метавонад ба амали нодуруст- амали зӯроварона табдил ёбад, яъне  ҳуқуқи озодиҳои шахси дигар  аллакай поймол карда мешавад. Агар низоъ  дар ҷомеа  ҷоиз бошад ,  пас зӯроварӣ дар оила як амали ғайриимкон ва  ғайриқонунӣ  мебошад.  Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ин ду  маҳфҳумро дақиқ фарқ карда  ва  фаҳмидани он зарур аст, ки  зӯроварӣ  дар оила  аз ҷониби қонун манъ карда шудааст мо бояд нагӯзорем, ки зӯровари дар оилаҳо рух диҳад ва инчунин сади роҳи онҳо шуда корҳои фаҳмондадиҳиро зиёд ба роҳ монем новобаста  дар деҳаҳо маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳи , семинарҳо оиди зӯровари дар оила гузаронем.