Хабарҳо

Марзу буми хешро бо қиммати ҷонҳам бошад бояд ҳифозат намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шимол бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 970 км –ро ташкил медиҳад. Пас аз пошхӯрии  Иттиҳоди Шӯравӣ, ду ҷумҳури тақсимоти сарҳадотро ба анҷом нарасондаанд. Дар ин робита, байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону  Қирғизистон аксар вақт муноқишаҳо ба миён меоянд. Шаҳрвандони ду кишвар ҳамдигарро дар вайрон намудани заминҳои назди сарҳади гунаҳкор мешуморанд ва ин гуна нофаҳми байни шаҳрвандони ду сарҳад ба муноқишаи мусаллаҳона табдил меёбад. Тоҷикистон ва Қирғизистон борҳо гуфтугӯи демаркатсия ва делимитатсияи сарҳадотро анҷом додаанд  ва изҳор кардан, ки ҳарчи зудтар  марказҳои расмии ин ду давлат муқарар карда шавад. Нофаҳмиҳо дар ин марз аз рафтору кирдори шаҳрвандони оддӣ сар мезанад, новобаста аз оне, ки мо сарҳадбон  ҳастем ё шаҳрванди оддӣ мо бояд марзу буми хешро бе чуну чаро ҳифз намоем, ки албатта ин қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини бо ору номуси миллат мебошад.   Қирғизистону Тоҷикистон, ки узви СПАД мебошанд, аммо тули чанд хафтаи охир бо  ҳодисаҳои мусаллаҳона рӯ ба рӯ мешаванд, ки  гуна ҳодисаҳо дар солҳои гузашта низ дида мешуд.  Дар сарҳади Қирғизистон ва Тоҷикистон муноқишаҳо байни аҳолӣ ва марзбонон ба вуҷуд меоянд, ки шаҳрвандони ин ду кишвар  ҳамдигарро баро вайрон кардани сарҳади давлатӣ айбдор мекунанд.  Дарозии сарҳади Қирғизистон ва Тоҷикистон 971 км- ро ташкил медиҳад ва музокирот оид ба делимитатсияи хатти сарҳад байни ҷонибҳо дар солҳои 90-ум оғоз шуда буд, аммо баъдан ин раванд қатъ шуда, соли 2017 дубора оғоз ёфт. Дар айни замон, аз 971 км 583 км онҳо тавсиф карда шудаанд. Марзу буми хешро бо қиммати ҷонҳам бошад бояд ҳифозат намуд.