Хабарҳо

Мутахассисони соҳаи тиб тамоми тавоноии хешро ба харҷ дода истодаанд то ин ки аз паси ин бемори бар оянд.

Бинобар итилоъи манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 540  нафар зери  назорати табибон  қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 121 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Ин манбаъ мегуяд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави КОВИД- 19   тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ мекунанд. Дар ин лаҳзаҳои ҳасос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки  барои пешгирии  сирояти ин вирус пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя кунанд, зеро дар  дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар як шахс худи уст. Айни ҳол ин бемори сар то сари Ҷумҳурии моро фаро гирифтааст.  Инчуни дар ноҳияи Ховалинг гарчанде, ки ин бемори ба қайд гирифта шуда, бошад ҳам аммо  табибон кушишу тавоноии хешро ба харҷ дода беморонро шифо дода истодаанд.  Дар ин лаҳзаҳои хело ҳам мушкил мо бояд ҳатман ба табибон кӯмак расонем гуфтаҳои ҳар як табиб албатта бар зарари мо нест набояд саркаши кард, саркаши накардан аз гуфтаҳои табибон ин худ як кӯмаки хеле ва хеле муҳим бар онҳо мебошад.  Мардумӣ Тоҷикистон қариб чор моҳ тавонистанд аз ин бемори эмин зиндагии осоишта ба сар баранд. Гар чанде  ин вирус  дар Ҷумҳурии Тоҷикисто вуҷуд дощта бошад ҳам мо мардуми сарбаланди тоҷик аз пасаш бар меоем ва кӯшиш мекунем ки эимин бимонем аз ин “Вабои аср ” Ин бемори дар ҳама гуна ҳолат метавонад таъсири худро ба инсон расонад, мо бояд барои бехатарии худ ва дигарон саъю кушиш намоем, то ин  ки саломатии худ ва атрофиёнро эмин нигоҳ дорем, зеро солимии мардум солимии ҷомеъа мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати Тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ва дигар сохторҳои марбута  тамоми талош ва кӯшишҳои  худро  дар роҳи  пешгирии  бемории вируси нави КОВИД-19  равона карда  истодаанд  то ҳарчи зудтар  пеши роҳи он  гирифта шавад