Хабарҳо

Хиёнаткорон ва ватанфурӯшонро ҳамавақт бо бадӣ ном мебаранд.

Мо ҷавонони зодаи замони истиқлолият шоҳиди ҳаёти пурфоҷиаи солҳои    90-уми асри гузашта нестем, аз нигошатҳои таърихнигорон ва шоҳидони воқеа медонем, ки ин мусибати гушношунидро ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик роҳбарони ҳизби назҳати ислом дар ивази маблағҳои калон овардаанд. Ҳаминро медонем, ки роҳбарони хиёнаткорони  давлату миллат аз тарси ҷазо дар хориҷи кишвар  паноҳ бурдаанд, худро мӯсичаи бегуноҳ нишон дода ба сӯи роҳбарони давлат санги маломат мезананд. Дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”  ҷиноят ва хиёнати содирнамудаи  ҳизби терористӣ ва  экстремистии назҳади ислом ва роҳбарони он алалхуссус Муҳиддин Кабирии хиёнаткорро ба таври возеҳ баён гардидааст. Дар дунё аз ҳама бадтарин барои инсон он аст, ки ӯро мардум ва хешу наздиконаш лаънат хонанд. Мо шоҳиди он шудем, ки собиқ ҳамкорон, ҳамдеҳагон, хешу таборони наздики Муҳиддин Кабирӣ ӯро барои хиёнат ба Ватан миллат лаънат хондаанд. Дар филм бо далелҳои шоҳиди зинда хиёнат ба давлату миллат кардани ҲНИ ва роҳбарони он оварда шудааст, ки ба ин пастинатии Кабирӣ, ки барои пулу мол ва мансаб шуда хизматгории хоҷагони хориҷӣ гардид нафрати кас меояд. Мо ба шахсоне, ки хиёнат ба Ватан, миллат мекунанд гуфтанием, гузаштаро ислоҳ карда намешавад шахсоне, ки ба чунин роҳҳо мераванд номи онҳо дар таърих бо бадӣ боқӣ мемонад ва  наслҳои оянда ҳамчун имрӯз барои мусибати ба сари мардум овардаатон барои қатли одамони бегуноҳ, барои гуреза ва хонавайрон гардонидани ҳазорҳо одамон  ба ватанфурўшон  ва хоинони миллат лаънат мехонанд.

Мо бояд шукрона аз истиқлолият кунем, шукрона аз ободи сулҳу субот ва аз тинҷию оромӣ кунем, ки бо ҳама шароитҳо мӯҳайё гардидаем. Мебояд ин гуна неъматҳоро қадр карда баҳри ободии ҷомеа талош варзем на ин ки ба давлату миллат бадноми карда боиси пастравии ҷомеа шавем.

 

 

 

Котиби матбуотӣ:                                                           Раҳматуллоева М.