Хабарҳо

Кӯтоҳ андешагӣ боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мегардад.

Мӯҳиддин Кабирӣ ҳамеша зери таъсири рӯҳониёти ифроти наҳзатӣ қарор дошт ва дар натиҷа шахсияти вай хамчун як нафари мутаасири ифротӣ шакл гирифт, ки барои боварияти ҳамон вақтаи наҳзат ва мӯҳимтараш аз ҳама барои соҳибкорони хориҷии ҳизби терористӣ мувоффиқ буд. Созандагони ин идеология душманони аслии дини мубини ислом буданд, коргардонҳояш хоҷагоне ҳастанд, ки барои онҳо мафҳумҳои модар, ватан, миллат, инсон ва тамаддун умуман ягон арзише надорад. Тадриҷан роҳи ӯ дар маҷруи роҳи ҳаракати наҳзати ҳамвор мегардад, бо дастгирии роҳбарияти барои ташкилоти терористӣ экстремистии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ бо дастуру ҳидояти устодаш Ҳигматзода барои азхудкунии таълимоти мазҳаби Шиа ба Ҷумҳурии Арабии Яман фиристода мешавад ва таҳсили худро дар таълимгоҳи Исломӣ идома медиҳад. Дар Яман Кабирӣ зери таъсири равияҳои тундравҳои динӣ қарор гирифта пурра пайравии мактаби экстремистии сиёсӣ мегардад. Баъди шикасти дастаҳои мухолифин дар ҷанги аз ҷониби хоҷагони ин ҳизби ташкилшуда дар солҳои 90-ум Кабирӣ аз ҷониби роҳбарони ташкилоти терористӣ экстремистии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ ба шаҳри Москваи ФР сафарбар мегардад. Онҷо тибқи супориш бо маблағҳое, ки аз доираи дини мазҳаби хадамоти махсуси кишваре барои  тоҷикон маълум,  барои дастгирии моддии ҳизбу наҳзатҳо ба номи ӯ интиқол дода мешуданд ба тиҷорат машғул мешавад. Ҳамзамон ҳамчун шахси мувофиқ барои  истифода дар дурнамои  фаъолияти наҳзат дар мади назари хадамоти махсуси кишвари маълум қарор мегирад, зеро аз чанд ҷиҳат ҷавобгӯи хостаи онҳо буданд.

  1. Бо вуҷуди таҳсилоташ дар донишгоҳҳои олии замонавӣ, мафкураи дар банди ҷаҳолату дингароӣ шахшудааш тағйир нахӯрд.
  2. Новобаста аз ҷавонияш ҳирсу иштиҳои носераш нисбати молу сарват дошт, ки ҷалби ӯро барои истифода дар тарҳҳои иқвоангезонаю муғризона ба зидди давлату миллати худаш осон мегардонид.
  3. Мансабхоҳу ҷоҳталаб буд.
  4. Симои фиребгарона дорад, ки дар назари аввал ӯро шахси фурӯтану хоксор ҷилва дода ифротӣ буданашро пинҳон медорад. Забонбоз буданаш барои таҳти таъсир гирифтани тудаҳои бесаводи ҷоҳил мусоидат мекунад.