Хабарҳо

Мо ҷавонон намегузорем миллате, ки ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музафариятҳое,ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад.

Устувор ва садоқати ҷавонон барои давлати навбунёд заминаи хуб мегузорад. Вале, шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст доштани онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.                Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намудаанд,ки давлати мо Тоҷикистон соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона аст. Дар баробари ин аксарияти мардуми Тоҷикистон пайрави дини мубини ислом буда, дорои фарҳанги бой ва урфу одатҳои миллӣ мебошад. Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музафариятҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад. Имрӯз, ки бархе ҷавонон шомили гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд аз мафкураи пасти онҳо дарак медиҳад. Мо бояд ба ин гуна зуҳуроти нангин мубориза барем ва мардумро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоем. Ба қадри Ватан-Модар бирасем ва арзишҳои миллии мардуми тоҷикро ҳифз намоем. Барои бартараф намудани мушкилиҳо ногуфта намонад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ таъкидҳои зиёде менамоянд, ки “Ҷавонон ояндаи миллатанд”. Барои пешгирии ин мушкилиҳо бояд омӯзгорон сараввал донишҷӯёнро бо маҳфилҳои гуногун ҷалб намоянд, то ки ба корҳои беҳуда машғул набошанд. Албатта ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусиятҳои худ мебошад, аммо онҳоро зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона, бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад.  Мо, ҷавонон ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайрави намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем ва барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем,ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем.

Котиби матбуотии дастгоҳи раиси ноҳия

Раҳматуллоева М.