Хабарҳо

Сафари сайёҳии гурӯҳи “Авангард” ба ноҳияи Ховалинг.

Санаи 7-8 августи соли ҷорӣ гурӯҳи “Авангард”- и назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 30- нафар аз манотиқи гуногуни кишвар ба хотири боздиду шиносоӣ аз маконҳои сайёҳию таърихӣ ба ноҳияи Ховалинг ташриф оварданд. 

Сараввал меҳмононро гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и ноҳия бо ҳайати масъулин дар қабулгоҳи меҳмонон бо самимият пешвоз гирифта, ҳузурашонро ба ноҳияи Ховалинг хайрамақдам гуфтанд. Сипас, меҳмонон ва гурӯҳи ҷавонони “Авангард” тибқи хатсайр аз мавзеъи хушманзараи мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ, Хоҷа Аюбӣ Ансорӣ, инчунин Боғи фарҳанги фароғатӣ, “Чашмаи Қазған” ва чанд мавзеи сайёҳӣ дидан намуданд.  Ҳамчунин, ин гурӯҳи сайёр дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо фаъолону масъулини ноҳия вохӯрӣ анҷом дода, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ШВКД бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Пас аз ин гурӯҳи сайёр аз утоқи кории гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и ноҳия боздид намуда, бо тарзу усули пухту пази нону кулча ва хӯрокҳои миллии мардуми ноҳия аз наздик шинос шуданд. Илова бар ин меҳмонон аз ҷарраёни корҳои ободонию бунёдкориҳо дар ноҳия баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чанд иншооти хизматию маишӣ, аз ҷумла бунгоҳи тиббии замонавӣ, бинои маъмурии ҷамоат, коргоҳи дузандагӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ дидан карданд. Баъд аз дидору шиносоӣ ва сайру сайёҳат дар маконҳои сайёҳии ноҳия ва огоҳ шудан аз тарзу усули зисту зиндагонии якдигар, инчунин расму оинҳои мардумӣ, бегоҳии ҳамон рӯз баҳри болидарӯҳии иштирокчиён аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертии саршор аз суруду таронаҳо дар васфи Ватан, Модар, дӯстию озодӣ ва шеъру таронаҳо аз шоирону адибони ноҳия пешкаши хозирин гардонида шуд. Баъди гузаронидани ин чорабинии фарҳангӣ шомгоҳон дар мавзеи Дараи Мухтор зери пайраҳаи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ гулхани хотиравӣ даргиронда, шеъру таронаҳо аз эҷодиёти шоирон ва нависандагон дар васфи Восеъи қаҳрамон ва далерию шуҷоати он аз тарафи ҳунармандони гурӯҳи “Авангард” пешкаши ҳозирин карда шуд, ки хеле дилнишину хотирмон буд. Баъд аз ду рӯзи сайру сайёҳат ва огоҳӣ пайдо намудан аз касбу ҳунарҳои мардумӣ, зисту зиндагонии якдигар ва маконҳои таърихию сайёҳии ноҳия гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо руҳбаландӣ аз меҳмонавозии самимонаи мардуми шарифи ноҳияи Ховалинг ва гурӯҳи ҷавонони “Авангард”- и ноҳия ба самти шаҳри Душанбе сафар намуданд.

                                                                                                    Ализода М.А.