Хабарҳо

Амалу рафторҳои нопоки Кабирӣ.

Имрӯзҳо  симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми кишвари Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин ватанфурӯш ва нокасу палид мешиносанд. Ин  хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад, инсони дарбадар ва дур аз Ватанаст. Чунин аст ҷазои касоне, ки Ватану миллати  хешро мефурӯшанд. Чунин шахсони палид на дар Ватан ва на дар ҷомеа  ҷой надоран одам шуморидани шахсони хоин ва ватанфурӯш ғайри имкон мебошад. Зеро Ватану ватандорӣ ва Ҳукумат  вазифаи муқаддаси ҳар яки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  аст. Ӯ бошад  хоини миллат ва ватанфурӯш  тариқи сомонаҳои интернети суханҳои дурӯғу фитнаангезро нисбати  ҷомеаи мо  паҳн мекунад. Аслан ХНИ ва ташкилкунандаи онҳо хеҷ вақт ба фоидаи мардум кор накардааст  ва намекунад ҳам онҳо  мухолифи давлат мебошанд. Онҳо ҳамеша барои мақсадҳои нопоки худ кор мекунанд. Имрӯзҳо аз корҳои зишти онҳо  тамоми дунё воқиф гардида ва медонанд, ки  онҳо ягон нияти нек надоранд. Ин хоинони Ватану миллат имрӯзҳо бозичаи хориҷиён гардидаанд. Аз вақте, ки  аъзои собиқ ХНИ айни замони ТЭТ ХНИ шуданаш ба халқу Ватани худ хиёнат карданро сар кардааст. Муҳиддин  Кабирӣ  муддати чанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад ва дар  хориҷа истода обурую нуфузи мардуми Тоҷикистонро паст мезананд. Ва имрӯз ин дасисабозии ин хоинони миллат ки нисбати  миллат ва муҳтарам Эмомалии Раҳмон бо ҳадафҳои олии миллат  ноил гардида, мавқеъи геополитики ва геостратегии худро боз ҳам таҳким мебахшад . Саҳми арзанда  ва хизмати шабонарӯзи, шуҷоат, қаҳрамонии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалии Раҳмон аст, ки  имрӯз  дар кишвари мо  сулҳу осоиш ва оромии ҷомеа  ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёби мегардад. Ва имрӯз дасисабозии  он хоинони миллат, ки нисбати халқи мо мекунанд  хеҷ гоҳ ба мақсади нопоки хеш намерасанд.

Котиби матбуотии дастгоҳи раиси ноҳия

Раҳматуллоева М.