Хабарҳо

Пастинатии Муҳиддин Кабирӣ

“Зираки”-и сиёсии пешвои наврустаи исломиёни тоҷик дар остонаи хонадонаш анҷом ёфт. Бале Кабирӣ замоне писархонди Ҳукумат буд. Бештар ӯ мудири бахши кор бо созмонҳои диниро дар дастгоҳи президент ба ёд меовард ва шоҳидони ҳол мегӯянд, ки пайваста ҳисобот медод, ки “Ҳарорат”- и мазҳабиён чанд ва “Набз”-ашон чи тавр метапад. Аз корхонаҳои истеҳсолӣ коғази ташноб то бозори сердаромадтарини шаҳри Турсунзода, ки бо номи завҷааш номнавис гашта буд  аз ширкатҳои сохтмон ва пули бедардимиёни кишварҳо ва шахсони алоҳида, ҷавонони музофотиро бе бода маст карда буданд, на аз ҳуқуқи инсон мегуфту на аз маҳбусони сиёси, то замоне пеши роҳи  худаш боз буд, на парвои бастани масҷидҳо дошт на парвои бастани масҷидҳо дошт на парвои дар кадом тангно афтодани мардуми диндор. Хидмати шоёни дигар ва “Зираки”- и сиёсии ӯ бадном  ё аз саҳна берун андохтани ҳизбҳо  ва шахсиятҳои дигар буд. Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода, Муҳаммадрӯзи Искандаров, Раҳматулло Зоиров низ  қурбони бозиҳои пасипардагии ин зираки аз андоза гузаро гардида буданд. Кабирӣ аз Душанбе истода ба Каромат Шарипов, Умаралӣ Қувватов низ санг мепартофт. Кабирӣ гирифтори маризии худдӯстор мехоҳад танҳо худаш подоши мухолифи бошад. Танҳо дар саҳна худаш ҷилва бинамояд.

Бахши кор бо занон ва оила

Мирзоева Д.