Хабарҳо

Филми ҳуҷҷатии “ХИЁНАТ”

       “Хиёнат” филме, ки амалҳои ваҳшиёнаи наҳзатиҳоро бори дигар ба мардум нишон дод. Филми “Хиёнат” бори дигар ба далелҳои мутамад аз чеҳраҳои манфуру амалҳои ваҳшиёнаи хоинони Ватан, аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом парда бардошт. Тавре дар муқаддимаи филм гуфта мешавад “Касе, ки ба иштибоҳ роҳ додааст бахшидан мумкин аст, вале касе, ки ба Ватан хиёнат кардааст, бахшидан нашояд”. Чунки шахси хиёнаткор ҳеҷ гоҳ аз амали зишти худ даст намекашад. Омадааст, ки барои манфиати шахсии худ тамоми арзишҳои  барои инсон муқаддасро қурбон созад. Чи тавре роҳбарони ТТЭ ҲНИ ин корро барои Тоҷикистон ва миллати тоҷик карданд.

Саркардагони ташкилоти террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом таҳти сарварии Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ТТЭ ҲНИ, ки бо қарори ташкилоти зиддитерористии Созмони ҳамкории Шанхай барои ҷинояту хиёнати содир намудааш террористӣ №1 эълон шудаасту ҳоло дар ҷустуҷӯ қарор дорад, бо думравонаш Муҳаммадиқболи Садриддин, Юнус Бурҳонов (бо тахаллуси Сайидюнуси Истаравшанӣ) имрӯз ҳам аз ниятҳои нопоки худ барнагаштаанд. Онҳо аз сомонаҳои таъсисдодаашон ҳамарӯза мардумро  ба гирдиҳамоӣ барои ноором сохтани вазъи кишвар даъват менамоянд. Хоинони Ватан мехоҳанд, ки бори дигар мардум, хусусан ҷавонони ноогоҳу камсаводро ба ҷанг кашанд. Онҳо дар ивази дасиса, иғво туҳмат ноором кардани мамлакат аз хоҷагони худ маблағҳои калон ба даст меоранд. Хушбахтона, сокинони мамлакат имрӯз дигар онҳое нестанд, ки ба суханони иғвоангезонаи террористону ифротиёни ТТЭ ҲНИ бовар намоянд ва аз пайи онҳо раванд.

Ҳоло Тоҷикистон ба сӯи рушду шукуфоӣ қадамҳои устувор мегузорад. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукрона аз озодию истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ ба корҳои ободонию созандагӣ баҳри сазовор арзанда истиқбол намудани ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат бастаанд. Дар ҳама шаҳру ноҳияҳо қариб ҳамарӯза иншоотҳои нав ба нави саноатӣ, хизматрасонӣ ба истифода дода мешаванд. Ҳамин пешравиҳо дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти мардуми кишвар ахиран душманони миллат аъзоёни ТТЭ ҲНИ –ро мегардонанд.