Дар замони муосир масъалаи ифротгароӣ яке аз хатарҳои ҷиддӣ дар ҷомеаи ҷаҳони дониста мешавад. Ин ҷиҳати масъала ва воҷеияти тоза ба вуҷуд омада тақозо менамояд, ки табиати ин зуҳурот, заминаҳои пайдоиш таҳаввулот ва сабабҳои пайдо гардидани онҳо пайваста пурра ва ҳамаҷониба омӯхта шавад. Айни замон шаҳрвандоне, ки ба сафи равия ва ҳизбу ҳаракатҳои динӣ экстремистӣ ва ифротгарои ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан, хоини миллат ва Ватан ҳисобида мешавад. Ҳар шахсе, ки ба амалҳои бад даст мезанад на танҳо обурӯи хеш ва пайвандонашро, балки дар ҷомеа низ одами пасту бе обурӯ дониста мешавад. Аз ин рӯ мебояд мо дар ҷомеа тавре рафтор намоем намунаи ибрати дигарон ва ифтихори давлати хеш бошем. Мавриди зикр аст,ки роҳбари ТЭТ ҲНИТ ва дигар ҳаммаслаконаш ҳоло ҳам аз нияти бади худ даст накашидаанд, ҳаргиз пушаймон нашудаанд, балки баракс ҳиллаву тадбир меандешанд, чи тавр бори дигар миёни мардум ба ғаразҳои касифи худ ноил шаванд. Ҳама гуна афрод метавонад амалҳои зиштро анҷом диҳад, лекин ин гуна хислат одамро соҳиб мансабу обрӯманд намегардонад. Барои пешрафти ҷомеа мо бояд кушиш ба харҷ диҳем, ки ба амалҳои бад даст назада ва онҳое ки ба чунин роҳҳо мераванд сади роҳашон шавем, зеро пешравии миллату давлат дар дасти мо шаҳрвандон буда аз амалу рафтори мо вобастагии калон дорад.
Сабтҳои охирин
Speech by the Leader of the Nation, President of the Republic of Tajikistan, His Excellency Mr. Emomali Rahmon at the Solemn Meeting on the occasion of the 30th Anniversary of State Independence
Posted on Author khovaling
Dear compatriots, Honorable guests, Ladies and Gentlemen, September 9 is a historical and landmark date and a moment of happiness and high dignity for the ancient, creative and glorious Tajik people, who highly values culture.
ОИД БА ВАЗЪИЯТ ДАР АФҒОНИСТОН
Posted on Author khovaling
Новобаста аз кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти ба эътидол овардани вазъ ва иҷрои талаботи Созишномаи сулҳ миёни Ҳаракати Толибон ва ИМА