Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Баробари истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима дод. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зодаи оилаи деҳқон буда, баъди хатми мактаб ва адои хизмати ҳарбӣ ҳаёти худро ба меҳнати созанда пайвастааст. Ҳамчун хатмкардаи Донишгоҳи миллӣ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи хоҷагиву ҳизбӣ фаъолият кардааст. Ҳамчун вакили Шӯроӣ Олӣ бо дониши амиқ, мардонагиву далерӣ соҳиби обрӯву эътибори мардум гаштааст. Дар солҳои кашмакашиҳои сиёсӣ сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари комиҷроияи вилояти Кӯлоб интихоб шуда, бо ҷасурию меҳнати ҳалол тавонистааст ҳаёти вилоятро ба эътидол оварад ва дар дили мардум ба ояндаи неки кишвар боварӣ бедор намояд. Ӯ бештар миёни аҳолӣ гашта, бо ҳаёти халқ бохабар мешуд, арзу шикоятҳоро шунида, мушкилашонро ҳал мекард, аз ягон намуди кор рӯй наметофт. Дар он давраи мураккаб ҳатто душманони ашаддӣ аз нотарсиву қавииродагии ӯ қоил буданд. Ғамхорӣ барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти пурхатари баамаломада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, иҷтимоиёти аҳолӣ ӯро сазовори маҳбубияти халқи кишвар гардонида, билохира дар лаҳзаи тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардид ва бо ҳамин тақдирашро як умр ба тақдири халқу ватани хеш пайваст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳама шукр гӯем, ки дар рӯзҳои бениҳоят вазнин Худованд ба халқи мо марду сарвареро насиб гардонид, ки хизмати Ватанро барояш арзиши олӣ ҳисобида, бо меҳру садоқат халқу оламро огаҳ сохт, ки баҳри хизмати Ватан омода аст ҷонашро нисор кунад. Мо эътимоди комил дорем, ки ҷавонони бо ору номуси кишвар ва умуман тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо меҳнати ҳалол, хониши аълову интизоми намунавӣ дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳм хоҳем гузошт.
Сабтҳои охирин
Истиқлолият, соҳибихтиёрии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонист
И с т и қл о л и я т соҳибихтиёрии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонист Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурии азизамон яке аз санаҳои барои ҳар як фарди кишвар азизу муқаддас, тантанаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Ба хотири ин рӯзи неку фархунда тамоми ҳамдиёрон, меҳмонон ва ҳозирини гиромиро […]
НАРОД – СИЛЬНАЯ И ДРУЖНАЯ СЕМЬЯ. Об аргументированных и достоверных, применимых к ситуации в Таджикистане, выводах Михаила Петрушкова
ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /НИАТ «Ховар»/. «Среди многочисленных рассуждений компетентных или непросвещённых авторов относительно распространения COVID-19 в Таджикистане хочется выделить здравую, позитивную статью Михаила ПЕТРУШКОВА, опубликованную на сайте Информационно — аналитического центра МГУ (ia-centr.ru)», — пишет врач Равшан ИСМОИЛОВ. — Автор рационально, популярно, доходчиво, без лишней паники и эмоций разъясняет, какой, на самом деле, вред может принести эпидемия […]
Табрикоти Пешвои миллат ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ
Суханронӣ ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт Ҳамватанони азиз! Ҳозирини арҷманд! Ин лаҳзаҳо, ки ҳамаи мо дар остонаи ҷашни мубораки миллиамон – Рӯзи ваҳдати миллӣ қарор дорем, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, хурду бузурги сокинони ноҳияи Рашт ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро ба ифтихори ин санаи таърихӣ самимона табрик мегӯям. Ба кулли […]