Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона мебошад адолат дар ин сарзамини биҳиштосо ҳукмфармост. Новобаста аз оне, ки чӣ нисбати ифротиён бошаду чӣ нисбат ба дигарон. Қонунгузор ҷавобгарии фардӣ пешбини кардааст ва ҳар кас ба ҷурму ҷинояти худ шахсан ҷавоб медиҳад. Наҳзатиҳо дар пешонии аз саҷда бар пайи хоҷагонашон бояд дарк кунанд роҳе, ки онҳо интихоб кардаанд, бозгашт надорад. Яъне амалу рафторҳое, ки онҳо анҷом медиҳанд тақдири ояндаи ин ҳизби қотилро мушаххас мекунад. Муҳамадиқболи Садриддин низ аз зумраи он нафароне ҳаст, ки аз дури ба миллати хеш санги маломат мезанад. Ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин бисёр шахсоне ҳастанд, ки дар як давлат таваллуд шуда ба воя расидаанд ва имрӯз бо фармони хоҷагони хориҷияшон нисбати давлати худ беадолатиҳоро раво мебинанд. Онҳо ки худ гунаҳкор ҳастанд тасаввур мекунанд, ки дигарон низ ба монанди онҳоянд ва адолатро риоя намекунанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки мудири пойгоҳи “Ислоҳ” ин Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Ӯ зимни як мусоҳибааш гуфтааст, ки Шӯрои уламои Тоҷикистон ба ҷои пуштибони аз шариати исломӣ барои анҷоми дастурҳои ҳукумат бештар миён бастааст ва бо ин далел “Рӯҳониёни мустақил ва мардуми тоҷик бояд шӯрои дигаре ташкил дода, ба умури динии миллат бипардозанд”. Шӯрои уламо як ташаккуле аст, дар хидмати ҳукумат, раиси ҷумҳур ва кумитаи амният буда, ки онҳо ҳарчи амр кунанд, маҷбуранд амалӣ намоянд. Зарурияти ташкили шӯрои уламои диниро Муҳаммадиқболии Садриддин дар он медонад, ки ҳатто таҳвин ба уламову руҳониён аз сӯи мақомоти давлатӣ ва гумоштаҳояш ба тарзи бесобиқа афзоиш ёфтааст. Ин гуна шахсони пастинат, ки зери фишори дигар ташкилотҳои ғайри расмию хоҷагони бадсиришти хориҷӣ қарор доранд ва ба амру гуфтаҳои онҳо амал мекунанд, худ низ дар роҳи баданд ва боз мехоҳанд дигаронро ба доми худ баранд. Алакай ҳама аз рафтору кирдори ин ватанфӯрушон огоҳанд ва намехоҳанд ба мисли онҳо шаванд.
Сабтҳои охирин
Tajikistan Is the Second Safest Country in the World
On November 7, the Gullup Institute released its new research report, based on a survey of 152,000 people from 142 countries.
Филми “Бешарафӣ” як симои ҳинитии бешарафро ба мардум нишон дод
Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” бори дигар ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои 90 – уми асри гузаштаро, ки саркардагони ҳизби террористӣ – экстремистии наҳзати ислом, бо дастури хоҷагони хориҷӣ, дар ивази маблағҳои калони ба даст оварда ба сари мардум мусибати гӯшношунидро бор намуданд, ба ёд овард. Қурбониҳои ин ҷанги шаҳрвандӣ (онро ҷанги бемаънӣ ҳам ном мебаранд) хеле зиёд […]
Состоялась встреча рабочих групп правительственных делегаций Республики Таджикистан и Кыргызской Республики
ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /НИАТ «Ховар»/. В соответствии с достигнутой договоренностью с 8 по 14 декабря в Баткене Баткенской области Кыргызской Республики состоялась очередная встреча топографических рабочих групп и рабочих групп по правовым вопросам правительственных делегаций Республики Таджикистан и Кыргызской Республики по делимитации и демаркации таджикско-кыргызской государственной границы. Об этом сообщает НИАТ «Ховар» со ссылкой на Государственный комитет национальной […]