Вақте ки калимаи терроризмро ба забон меорем, дар пеши назарамон пеш аз ҳама куштори бераҳмонаи одамони бегуноҳ занон, кӯдакон, пиронсолон, хароб ва вайрону валангор намудани биноҳои муассисаю ташкилотҳо, хонаҳои истиқоматбтӣ бе сарпаноҳ мондани ҳазорҳо одамон, гуреза ва бе хону мон шудани онҳо ва дигар мусибатҳои гушношунид пеши назар меояд. Вақте симои террористро тасвир менамоем, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши назар меояд, ки гуфта буд: “Террорист ватан, миллат, дину мазҳаб надорад”. Агар ба қадри Ватан мерасид, ба гуфтаи Худою Расул амал мекард, ҳеҷ гоҳ ба ин роҳи хато намерафт. Маълум аст, ки қисме аз ҷавонондар масоили динию дунявӣ дониши кофӣ надоранд, ба осонӣ фирефтаи ҳиллаю найрангҳои равияҳои бадкешу ифротгаро мешаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудааст ва аз минбари баланди СММ ҳам ба ҷаҳониён таъкид намуд, ки “номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст. тамоюли торафт қуввтгирифтаистода ва сиёсӣ намудани ислом фақат бар зарари он сурат гирифта, дар назди оламиён симои поки аҳли онро манфур намоиш медиҳад”. Суоле ба миён меояд, ки оё мо метавонем пеши роҳи шомилшавии ҷавононро ба чунин гурӯҳҳои тундгаро пешгирӣ намоем? Албатта метавонем дар сурате, ки падару модарон бо дарки баланди масъулиятшиносӣ тамоми бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” – ро дар амал иҷро намоянд. Зеро танҳо шахси солим бо мулоҳизаи солими хеш метавонад, ки таҳаввулоти сиёсию иҷтимоии рӯзро дар тарозуи ақл санҷида, ба манфиати давлату миллати худ ва хеш истифода намояд. Ҳамчунин корҳои тарбиявиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва алалхусус дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ тақвият бахшидан зарур аст, то ки шогирдон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва инсондӯстӣ тарбия ёбанд. Вақте ки ҷавонон моҳияти аслии терроризмро мефаҳманд, дар бораи мақсаду мароми он маълумот пайдо менамоянд ва вақте медонанд, ки чунин амалҳо дар назди қонун нобахшиданӣ ва ҷиноят ба ҳисоб меравад. Дар ҳоле ки қадри Ватан – Модар, дину мазҳаб, тинҷию осудагӣ, зиндагии осоиштаро дарк намоянд, ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато қадам намегузоранд.
Сабтҳои охирин
Ба зуҳуроти номатлуб- терроризм ва экстремизм мубориза бояд бурд.
Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддие, ки бо бақои одаму олам тахдид менамояд рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, онҳое ки мегуянд терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тули таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда, омадааст беасос нест. Решаҳои терроризм хело чуқур буда, […]
Шумораи гирифторони COVID-19 дар ИДМ меафзояд: дар Россия беш аз 52 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд
Шумораи гирифторони COVID-19 дар ИДМ меафзояд: дар Россия беш аз 52 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд ДУШАНБЕ, 21.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 5 642 нафар зиёд шуда, 52 763 касро ташкил медиҳад. Теъдоди беморони шифоёфта дар ин давлат 3 873 нафар ва шумораи фавтидагон 456 кас мебошад. […]
Тинҷию оромӣ, ваҳдату ягонагӣ беҳтарин ганҷинаест дар дасти мардум.
Тинҷию оромӣ, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу салоҳ, якдигарро дуст доштану дар оғуш кашидан ин хислатҳе мебошанд, ки дар китоби муқаддаси мо навишта шуда, дар ҳар як баромаду суханрониашон сарвари давлат ба мо таъкид менамоянд. Имрӯзҳо аз пешравию созандагиҳои кишвари азизамон Тоҷикистон душманони миллат «фурухташудагони номус» бадбинон талхакаф шуда кушиш доранд, ки ба ҳар роҳу восита […]