Хабарҳо

Бардошт аз Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии мо Паёми навбатии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якҷоя тамошо намуда, аз он рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд. Яке аз он рӯйдодҳои муҳими соли гузашта баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ – интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, озод, шаффоф ва демократӣ, дар фазои сулҳу субот ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардидаанд. Дигар нуқтаи фараҳбахши Паём он аст, ки меҳнаткашони мамлакат ба  душвориҳои  соли гузашта нигоҳ накарда, дар соли сипаригардида дар тамоми соҳаҳо – иқтисод, саноат, хоҷагии қишлоқ ба дастоварҳои меҳнатӣ ноил гардиданд. Баъди расидан ба ҳадафи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳои бахшидани кишвар оғоз ва суръат, бахшидани таъмиру азнавсозии роҳҳои байни шаҳру ноҳия, ҷамоатҳо ва деҳу маҳаллаҳо ҳар яки моро хурсанд намуд. Мо ба сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон миннатдории хешро баён медорем, ки пайваста дар ҳаққи шахсони муҳтоҷи ёрӣ ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Дар Паёми навбатӣ ҳам нисбати кӯдакони маъюб, маъюбони гурӯҳи якум, ятимони кӯл ғамхории набати зоҳир карда шуд. Мо аз он қаноатмандем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёмаш моро аз паёмадҳои солҳои оянда огоҳ месозад ва барои осон бартараф намудани душвориҳои пешомада ба иҷро расонидани корҳои муайянро нишон медиҳад. Аз ҷумла дар паёми навбатӣ ҳам бинобар душвор будани соли 2021 Пешвои миллат ба ҳар яки мо таъкид намуд, ки аз заминҳои назди ҳавлигӣ ва дигар заминҳо бозҳам самаранок истифода намуда, якчанд ҳосил ба даст биорем.аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизби мо дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, мекӯшанд, ки  дар иҷрои онҳо аз тамоми шароиту имкониятҳо самаранок истифода намоянд.

Мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

Олимов Олимхӯҷа