Хабарҳо

Рушди ҳунарҳои мардуми омили зиндагии бидуни гаравишҳо

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз як сол аст, ки аз пондемияи Ковид 19 ранҷ мекашад. Дар байни мардуми олам бекори меафзояд. Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин мушкил ба канор нест. Ҳанӯз соли гузашта қабл аз оғози пандемия сарвари давлати тоҷикон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда буд. Дар партави ҳамин эълоншавӣ мо дарк намудем, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ана ҳамин шароити карантин метавонад ривоҷ дода шавад ва боиси беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум гардад. Мардуми тоҷик ҳамчун меросбари ниёгон ҳунарҳоеро метавонад ривоҷ диҳад, ки дар шароити хона пеш будани онҳо мумкин аст.

Ривоҷ додани ҳунарҳои мардуми ҳам дар байни мардон ва ҳам дар байни занон ба паст шудани шиддати бекорӣ мусоидат мекунад. Мардум  соҳиби кор ва соҳиби пораи нони худ мегарданд. Имкониятҳои ҳунарҳои мардумӣ, бартарии онҳо дар он зоҳир мешавад, ки харҷи зиёд, дастгоҳу таҷҳизоти зиёд талаб намекунанд. Рушди ҳунарҳои мардумӣ боиси мубодилаи молу мавод мегардад, мардум соҳиби кор мешаванд. Дар асл аз нигоҳи равоншиносӣ бадрафториву гаравиш ба ҷараёнҳои тарғибкунандаи зӯроварӣ аз бекорӣ сар мезананд. Вақте ки инсон махсусан ҷавонон, ба коре агар машғул бошанд, фурсат ва вақти беҳудагардӣ пайдо намекунанд ва ин онҳоро аз тундгароиву радикализм нигоҳ медорад. Имрӯз дар ноҳияи мо, хушбахтона, дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ шароит фароҳам аст. Танҳо ташаббусе лозим аст, ки ба рушди ҳунарҳои мардумӣ равнақ бахшад. Биёед чунин фурсату имкониятҳоро аз даст намедиҳем.

Котиби матбуотӣ

Раҳматуллоева М.