Хабарҳо

ИҚДОМИ ШОИСТАВУ ҒАМХОРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПАЁМИ НАВБАТӢ

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки санаи 26 январи соли равон тариқи ҳама шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии ҷумҳурӣ ироа гардид, бори дигар сокинони кишварро руҳбаланд сохт, ки баҳри пешбурди фаъолият, рушду нумуи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагию ояндаи дурахшон камари ҳиммат банданд.

Яке аз самтҳои асосӣ, ки дар Паём мавриди шарҳ қарор гирифт таъмин ва захираи маводи озуқа буд, ки ин аз ҳар як сокини кишвар тақозо менамояд, то дар амалӣ намудани дастуру супоришҳо ҷиддан муносибат намоянд. Самаранок истифодаи  ҳар як қитъаи замини корам, риояи қоидаҳои коркарди замин, бо нуриҳои минералӣ, таъмин намудани сари вақт шудгору кишт намудани он вазифаи ҷонии ҳар як соҳибзамин аст. Хушбахтона, аз даврони соҳибистиқлолӣ замин пурра дар дасти деҳқон аст ва мебояд нисбати ин ганҷи гаронбаҳо беэътиноӣ зоҳир насохта, онро самаранок истифода барем. Аз як замин руёнидани ду ё аз ин зиёд ҳосил натиҷаи рушди соҳа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ аст, ки моро мебояд баҳри амалан иҷро намудани он заҳмат кашем.  Пешвои миллатамон баҳри самаранок исифода бурдани қитъаҳои замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои Президентию наздиҳавлигӣ пайваста таъкид менамоянд. Иқдоми шоиставу ғамхоронаи дигари Пешвои миллатамон баҳри мардуми шарафманди кишвар ин ба муҳлати як сол аз андози ягона озод намудани кишоварзон буда, қобили ҳазорҳо таҳсину офарин аст. Пас, ҳар як сокини ба ору номӯси кишварро мебояд баҳри руёнидани ҳосили баланду хушсифат ва зиед намудани майдони кишти ғалладонагиҳо ва картошка кӯшиш ба харҷ диҳанд. Боварӣ дорем, ки кишоварзони ноҳия ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат кӯшиш менамоянед, то соҳаи кишоварзиро яке аз соҳаҳои пешрафта дар миқёси ҷумҳурӣ нишон диҳанд.

Қурбон Комилов

сокини ноҳия.