Хабарҳо

Сухани табрикотии раиси ноҳияи Ховалинг ба Рӯзи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз дар саросари мамлакат  28 – солагии Рӯзи Кувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хосата ҷлил намуда истодаанд. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми ноҳияро табрику таҳният гуфта, бароятон саломативу сарбаландӣ, хонаи обод ва осмони софу рӯзгори осӯдаро таманно менамоям. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда, иқтидори воқеии пешрафт иҷомеа ва миллату давлат мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кору фаъолияти ҷавонони имрӯза изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ  ҳиссаи назаррас мегӯзоранд. Ҳозирини гиромӣ, чӣ тавре ба ҳамаи мо маълум аст, Қувваҳои Мусаллаҳи мо бе ягон заминаи моддиву техникии меросӣ аз даврони шуравӣ  дар шароити ниҳоят вазнини зуҳури бесарусомониҳо ва авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  23-феврали  соли 1993 расман ташкил ёфт. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар  роҳи ҳифзу мустаҳкам намудани рукнҳои Истиқлолияти давлатӣ, ба эътидол овардани вазъи дохилии мамлакат, пуштибонӣ аз сулҳу осоиш ва амният, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тақвият бахшидан ба музаффариятҳои аввалини даврони соҳибистиқлолӣ,  хизмати беназир намудааст. Таъмини иқтидори мудофиавии кишвар, таъминоти моддию техникии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар шароити имрӯза, ки даврони босуръати тараққиёти илму техника ва технологияи навтарини электронӣ мебошад, зарурияти густариши ҳамкорию ҳамгироии низомии Тоҷикистон ба кишвар ҳоихориҷӣ, иштирок дар машқҳои муштараки фармондеҳию ситодӣ, талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ ба кадрҳои баланд ихтисосу дорои маҳорату малакаи хуби касбӣ ва забондону аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб ёфта,  меафзояд. Дар моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавӣ вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби обутоби ҷисмонӣ ва маънавӣ аст. Аз ин рӯ мо бояд бештар ба ҷавонон дарси ватандӯстӣ, шуҷоату мардонагӣ ва одобу ахлоқ омӯзонем. Онҳоро ҳама тарафа ба  хизмати  Модар – Ватан омодасозем. Аз он сарфарозу ифтихормандем, ки ҳамасола дар сафҳои ҷузъутомҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ватанамон фарзандони бонангу номуси ноҳия бо сари баланд хизмати Модар Ватанро баҷо оварда,   корнамоиҳои фарзандони шуҷоъу далери диёр  аз ноҳияи мо низ кам нестанд. Дар тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии насли наврас саҳми ҷанговарони башардӯсти ноҳия назаррас буда, сазовори таҳсин мебошанд. Хизматҳои садоқат мандонаи  онҳо ва кору рафторашон намунаи ибрати ҷавонону наврасони имрӯзи ноҳия мебошад.

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳар яки мову Шумо маҳз бо шарофати Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар хоки муқаддаси Ватан, бе ягон хавфу хатар, дар фазои орому осоишта кору зиндагӣ карда, сол то сол Ватанамонро ободу зебо мегардонем. Ҳар як шахси бо нангу номус бояд дарк намояд,  ки ватандӯстӣ  ин нишони садоқат ба давлату миллат буда, дар посдоштани арзишҳои умуми миллӣ зоҳир мегардад. Боварӣ дорам, ки мову Шумо нангу номӯси ватандӯстӣ,  ҳифзи марзу бум ва хизматҳои садоқатмандона ба Ватанро, ки аз гузаштагонамон  ба мо мерос мондааст, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Ҳамзамон дар баробари иҷрои вазифаҳои худ бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ба корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат бахшида, ҷашну санаҳои муқаддаси таърихиву миллиро бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва сазовору арзанда пешвоз мегирем. Бо ҳамин орзувуниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати  28- солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, хонаи обод ва осмони  софу рӯзгори осӯдаро таманно  дорам.

Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ муборак, ҳамдиёрони азиз!