Хабарҳо

Оромии кишвар ба душманони миллат зарбаи ҷонкоҳ аст

Вақте кас ба сомонаҳои интернетӣ назар меандозад, аз суханони туҳматангези душманони халқ, роҳбарони ТТЭ ҲНИ, ки худро ғамхори халқ метарошанд, ба ҳайрат меафтад.  Одам вақте даст аз чизе барканад, умедаш барбод равад, чизе бар даҳонаш  ояд  гуфтан мегирифтааст. Роҳбарон ва думравони ҲНИ имрӯз дар ҳамин ҳолатанд Тарс аз гуноҳҳои нобахшиданӣ онҳоро ба он водор намудааст, ки ба давлати худ, миллати худ  туҳмат бизананд то ба ин роҳ битавонанд дар Тоҷикистон нобоварии мардумро ба ҳукумат ва нооромиро дар кишвар ба вуҷуд биоранд. Ин амали хоинона вазифаи ҳаррӯзаи онҳост.

Хушбахтона, мардум дар ҳар қадам акси гуфтаҳои онҳоро мебинад. Тоҷикистон рӯз то рӯз ба як давлати тараққикарда табдил меёбад. Саноаткунонии босуръати кишвар давлати моро аз давлати аграрӣ – кишоварзӣ ба давлати саноатӣ – аграрӣ табдил хоҳад  дод. Қадамҳо дар ин роҳ дилпуррона аст.

Пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ҷавоб ба ҳама ҳарзагӯҳои душманон аст.

Бо пайдо гардидани бемории сироятии Ковид -19 бозори  Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш гарм шуд. Зеро барои танқиди роҳбарони давлат мавзуъ ёфтанд. Дар аввал ҷор мезаданд, ки Ҳукумат ин бемориро дар кишвар пинҳон медорад. Сипас, барои ба таҳлука андохтани мардум дар сомонаҳояшон чунин иғвоандозӣ менамуданд, ки Ҳукумат барои пешгирии  бемории коронавирус ва табобати гирифторони ин беморӣ шароиту имконият надорад. Боз ҳам хушбахтона, тири душманон ба нишон нарасид ва хок хӯрд.

Чуноне, ки ба мушоҳида мерасад, вазъият дар мамлакат тинҷу ором аст. Агар дар муқоиса бигирем, гирифторони ин беморӣ дар кишвар нисбат ба давлатҳои ҳамсоя чандин маротиба кам аст ва талафот ҳам дар муқоиса хеле кам ва шумораи шифоёфтагон зиёд аст.

Имрӯз шиддати беморӣ дар мамлакат хеле паст гардидааст. Худо хоҳад дар чанд рӯзи дигар беморхонаҳо аз гирифторони ин беморӣ пурра холӣ мегардад. Далели қавии дигар, чи тавре аз маълумотҳо бармеояд, қариб ба нестӣ расидани  шумораи фавтидагон аст. Ҳолати мазкур боз бори дигар дар баробари дигар ҳолатҳое, ки  иғвогариҳои роҳбарони ТТЭ ҲНИ – ро собит сохтааст, ба даҳонашон санг зад. Вале онҳо ҳеҷ гоҳ хомӯш намемонанд. Зеро душман ҳеҷ гоҳ аз душмании худ намондааст. Онҳо туҳмат мезананд, вале корвони умеду орзуи халқ барои боз ҳам пешрафти кишвар бо роҳаш рафтан мегирад.

Мудири бахши бойгонӣ

Эмомова И.