Хабарҳо

ТЕРРОЗИМ   ВА   ЭКСТРЕМИЗМ    ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ    ЗАМОНИ    МУОСИР  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам   Эмомалӣ     Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунад, «Терроризм ватан, забон, наҷот ва дин надорад. Дар ибтидои асри ХХ1 инсоният ба хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он «Терроризми байналмилалӣ»  мебошад. Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногун ҷаҳон доман паҳн карда  хатари бузурги иҷтимои дорад, ва барои амнияти давлатҳо таҳдид эҷод менамояд. Дар гушаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва маблағгузории онҳо ба мушоҳида мерасад. Дар таблиғи ақидаҳои ифроти ташкилотҳои махссуси хориҷӣ  манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунад. Айни  замон  гурӯҳои террористии бо ном  давлати исломӣ «Ҳизбулоҳ», «Ал-қоида», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди  нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо меистанд талош менамоянд. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳост, ки дар дунёй имрӯза гирди забонҳои ҳама шудааст ва ин ду мафҳум бо ҳам пайваст мебошад. Экстремизм ба терроризм  меорад. Истилоҳи «Терроризм» аз калимаи лотини «» маншоъ гирифта, маънояш «Тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зкроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Терор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳдат ва ноумедӣ афкандан аст. Тахрихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда балки бар зиди хурофат, куҳанпарасти, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодони, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додаст. Мутаъсифона дар тӯли чанд соли охир дар баъзе кишварҳои Ғарб амалҳое ба вуқуъ омаданд, ки боиси қаҳру ғазаби мусулмонони олам гардид. Мисол сӯзонидани намоишкоронаи китоби муқаддаси мусулмонон «Қуръон» дар Амрико ва дигар амалҳои зишти исломситезии Ғарб вакуниши аксар  кишварҳои мусулмонӣ ва ҷаҳони мутамандинро ба вуҷуд овард. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳад дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои ҷоноки дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои ҷоноки худ ноил шудан истифода боранд. Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони гурӯҳҳои терроризмро биёмузанд ва барои дафъи он кушиш кунанд, то сулҳу ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Терроризм сиёсати тарсонидан ба даҳшат афкандан пахш кардани рақибони сиёсӣ бо роҳи зурию даҳшатафкани мебошад. Террорист аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунад ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги исломиро пиёда  месозанд. Хулосаи матлаб ин ки ба мо лозим аст, кушиш ба харҷ диҳем, ки фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа билхусус ҷавононамон фаҳмонда тавиниста бошем, к ибо тақлидҳои кур-курона дунболи гурӯҳҳои ифроти нараванд. Вазъияти фазои динии ватанамон ба ҳамагон маълум,ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шароити ислом эҳтиром мегузаронад. Дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида бо мубориза алайҳи терроризм ва ифротгарои дар ин самт нақши муҳимро бозидааст.    

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8,  омӯзгори  фаннӣ  таърих  ва  ҳуқуқ:  

Исломов  Эмомалӣ