Хабарҳо

МО ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ!!!

       Чи хеле, ки ҳар яки мову шумо огоҳ ҳастем  дар Асамблияи Генералии СММ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд карданд, ки «Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле  гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».

       Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гардид, ки номи он «Терроризм ва экстремизм» мебошад.

      Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад,  зеро зуҳуроти мазкур  боиси ба миён  омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи  зӯроварӣ, расонидани  зарари  вазнин, таҷовуз ба ҳаёти инсоният, арбобони давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири  сохти  конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани  низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.   Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши  мубориза бо терроризму экстремизм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн  нарафтааст, балки афзоиш  ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои  маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

      Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал  омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки  сиёсати сарони  давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Ва ин вазъияти  ба амал омада ҳар яки моро  ба хуссус диндронро  водор  месозад, ки ҳушёрии сиёсӣ ва амнияти халқу фарзандонро  бояд аз пеши  назар дур накунем.

        Дар Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр,  демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию  иҷтимоӣ  ва рушди соҳаҳои  гуногуни ҳаёт қарор дорад».

       Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ  гардидааст, ки  ин  аз беаҳмиятӣ ва  бепарвоии ин халқияту  миллатҳо  нисбати сиёсати давлатдориашон мебошад.

    Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи  ҷиддитарини  инсоният дар асри бистуяк  табдил ёфтааст. Ифротгароӣ дар кадом шакле набошад, онро мо қабул  надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва  шаҳрвандонро  поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид  мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза  баранд.

       Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ, зуроварӣ ва таҷовуз ба илму фарҳанг  аст. Ин амалу  зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён  ояд.

   Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ  манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон  таблиғ  ва интишор мекунанд.  Айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «ҳизб-ут-таҳрир», «ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-ҳарам», «Толибон» “ТЭТ ҲНИ” ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани  нуқтаҳои  коркарди  нафту газ ва дигар сарватҳои  зеризаминӣ,  ғасби ҳокимият ва ба сари қудрат омадану амали намудани  ниятҳои нопокашон  мебошад.

   Зикр намудан ба маврид аст, ки як қисмати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус ҷавонон    дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистӣ  дошта, ин гуруҳ  одамон  мебошад. Бояд қайд намоям, ки 14 сентябри соли 2022 ТТЭ ҲНИ дар қаламрави ФР низ  ҳамчун ташкилоти терористи  эътироф ва  фаъолияташ  маън карда шуд. Бинобар  ин аз ҳаммаи шумо хоҳиш  менамоям, ки  хешовандон, фарзандон ва наздикони худро огоҳ созед, ки донистаю надониста ба онҳо алоқаманди накунанд, чунки тибқи қонунҳои амалкунанда ФР ва ҶТ ба ҷавобгарии ҷинояти  кашида  мешаванд. Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор  дода, дар ин самт тадбирандешӣ  намуда  истодааст. Чунонки дар боло қайд карда шуд ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба ҷомеаи ҷаҳони таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкур ва Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъияти барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремисти дошта муваззаф  гардидаанд. Масалан: қабули Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” яке  аз онҳо  мебошад.

     Дар ин раванд, бояд моддаҳои 6 – 8 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намудан ба маврид аст, ки дар онҳо бевосита оид ба ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолиятӣ онҳо ва манъ будани ғасбӣ сохтори давлатӣ қайд гардидааст ва ин арзишҳо арзишҳои оли буда, ба меъёрҳои байналмилали мувофиқат мекунанд ва манъ будани ғасби мусаллаҳонаи давлати ин маънои маҳкум кардани кирдорҳои ҷиноятиро дорад, ки ин маҳфум ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстримистӣ доштаро  дар бар мегиранд. Дар баробари ин соли 2007 қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизм қабул шудааст, ки дар он низ мақсади қабули қонун мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремистӣ, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар  сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ  гардидааст.

     Мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус ҷавонон ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ  мекунем.

   Он нафароне, ки аз хориҷи кишвар ба сиёсати пешгирифтаи мо ба  бародарону хоҳарони мо ба хешу ақрабои худ санги маломат  мезананд ва мехоҳанд, ки ба ин роҳу восита ҳадафҳои нопоки худро амали намоянд, огоҳ бошанд, ки ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт  тирашон ба ҳадаф намерасад. Солҳои 90-уми асри гузашта як маротиба мардуми тоҷик дар фиреби онҳо афтида буд. Дуюмбора тирашон хок мехурад. Назарзода М. Б.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *