Хабарҳо

Парчамат бодо парафшон, Точикистони азиз.!

  Парчам яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба хотири эҳтиром ва арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ аз ҷумла Парчам, аз  тарафи мақомоти қонунбарори кишварамон низ қонун ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул шудааст. Ин санадҳо имконияти истифодаи барҷаста ва парчами давлатро дар ҳама муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳо фароҳам меорад. Қонуни қабулшуда имконияти арҷгузории расмӣ чун ифтихори миллӣ ва эҳтироми парчамро барои ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар бар мегирад. Барои расидан ба нишондодҳои миллӣ ҷиҳати ҳувияти миллӣ, ки хусусияти бевоситаи давлатдории Тоҷикистонро ифода мекунад, ин  арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ аст. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст: «Рамзҳои давлати ҳастӣ ва ифтихори миллии мо буда, гувоҳи барҷастаи Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору номуси ватандорӣ мебошад. Бигузор, парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва бар фарози сарзамини аҷдодиамон то абад парафшон бошад. Роҳу иқболат дурахшон, истиқлолиятат поянда ва умрат ҷовидон бод, Тоҷикистони азиз ва ба ҷон бар обари мо». Рамзҳои давлатӣ пеш аз ҳама нишонаи давлати ташаккулёфтаи комилҳуқуқ мебошанд. Имрӯз он нишонаҳое, ки дар парчами мо дида мешавад, ифшогари тавоноии кишвар ва давлатдории тоҷикон аст. Ранги сурх- мубориза ва ҷоннисориҳои  халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият. Ранги сафед-  бахту иқболи сафед, покизагӣ. Ранги сабз- саъю кушиш  ва заҳмату  меҳнати  сокинон баҳри  сарссабзу хуррам гаштани  ватан. Мо  зери сояи Парчами миллӣ пирӯзии кишвари хешро мебинем. Мутобиқи моддаи 3-и Конститутсият Ҷумҳурии Тоҷикистон  Парчам,  Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рамзҳои асосии  давлат ва ҳамчун нишонаҳои  соҳибихтиёрии  давлату миллати  тоҷик муайян карда шудааст. Тоҷикон  дар  тули чандинҳазорсолаи таърих  Парчамҳои зиёду гуногуне  доштаанд. Аз руи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ аввалин парчам  ин пешдомани чармини  Коваи оҳангар буд, ки нишонаи мубориза бар зидди зулму асорат ва озодиро дошт. Имрӯз Парчами миллии мо дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ мақому мартабаи махсусеро дорост, ки боиси шарҳу баён ва дӯст доштан аст. Парчами миллӣ рамзи садоқат, рафоқат, фахру ҳувият ва таҷассумгари ифтихору ору номус ва ватандорист. Ҳар як тоҷику тоҷикистони аз ин ифтихор бояд ба ваҷд омада,  парчами сарбафалаки кишварро рамзи ҳувияту огоҳии миллӣ дониста, ба ин муқаддасот шукронаву арҷгузорӣ намояд.   Бояд зикр намуд, ки бо ҳама ифтихору имтиҳони таърихӣ мо аз он шукрона дорем, ки парчами мо рамзи ҳуввияту ҳушёрист, ки барои таҷассуми таҷрибаи давлатдории миллӣ ва ваҳдату бунёдкорӣ заминаи бузурге эҷод менамояд. Бо заҳмату талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти  ватанамон шаҳри Душанбе майдони Парчами давлатӣ ва майдони Нишони давлатӣ ҳамчун рамзи ёдгорӣ ва таҷассумгари истиқлолияти давлатӣ  қомат афрохтаанд, ки ин  ифтихори ҳар яки мост. Парчам дар ҳар давру замон ва дар ҳар давлату ҷомеа муаррифгари миллату давлат аст. Парчам дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзандаро доро буда, як ҷузъи муҳими таърих, фарҳанги миллати  тамаддунсози тоҷик ба шумор меравад. Парчам аз бузургтарин арзиши имрӯзу фардои кишвар мебошад. Аз ин хотир, парчам  аз нигоҳи эътибори умум муқаддастарин рамзи давлатист. Эҳтироми паврчами давлатӣ ва расидан ба қадри рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад. Ин рӯзи фархунда барои мо аз он лиҳоз басо азиз аст, ки дар лаҳзаҳои ҳасоси таърихӣ бо ташаббус ва иродаи неки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  ва вакилони Шурои Олии асри гузашта рузи 24-ноябр яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатдори Парчами имрузаи  Тоҷикистони азизро аз байни 250 намунаи лоиҳаҳои пешниҳодшуда интихоб ва  тасдиқ намуданд. Ва  аз ҳамон руз сар карда яъне аз иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ мо ба ҳамдигар  оғуш кушода дар зери ин Парчами давлатӣ ва бо раҳнамоии фарзанди фарзонаи миллатамон ба ободкориву созандагиҳо оғоз кардем. Ва ба ҳамин хотир  бо шукуҳу шаҳомати хосса ҳар сол ин саннаи фархундаро истиқбол мегирем. Мутмаинем, ки ҳар фарди солимфикри ҷомеа ба қадри Парчами давлатӣ ва заминаи устувори рушду тараққиёти кишвар мерасад ва дар таҳкими он ҳамеша саҳмгузор хоҳанд буд. Саъю талоши пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ имкон дод, ки фазои оромии Ватан ва суботи ҷомеа барқарор, ояндаи неки мо таъмин гашта, Тоҷикистони азизи мо ба кули ҷаҳониён бо чеҳраи нави мутамаддин муаррифӣ шуд ва сулҳи тоҷикон барои кишварҳои  ҷаҳон дарси ибрат гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва аҳамияти рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчами давлатиро ба инобат гирифта, мақоми онро дар Конститутсия муайян намудааст, ки ин ҳам аз анъанаи солҳои гузашта дарак медиҳад. Ҳаминтавр, ифтихори парчами кишвари мо, ифтихори миллати куҳанбунёди мост, ки дар тӯли асрҳо ба кашмакашиҳои таърихӣ нигоҳ накарда, ҳамчун рамзи миллати соҳибтамаддун боқӣ мондааст. Имтиҳони ин эҳё ва шинохти нави Парчами миллӣ чун хотираи арзишманди фарҳангу тамаддун ва нишони соҳибдавлатию мустақилияти миллати тоҷик аст. Нафароне, ки Парчами Ватан, нишонаҳои миллии ватанро дуст медоранд ва ба онҳо ҳуввияти миллӣ муяссар бошад, онҳо худро  аз беҳтарин фарзандони фарзонаи миллат бишуморанд. Бо ташаббуси Пешвои муаззами мо, Қаҳрамони халқи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қадами мубораки ин ҷашни маҳбуб ва ормони чандинасраи миллати куҳанбунёд дар хонадони ҳар як фарди тоҷик файзу баракат ва шодию фараҳ овард. Ҳар як пиру ҷавони тоҷик бояд нисбат ба муқаддасоти миллӣ эҳтиром дошта бошад. Таманои онро дорем, ки ҳар пиру ҷавони тоҷик дар зери Парчами давлат муттаҳид бошанду барои ободии ин кишвар камари ҳиммат банданд.  Парчами давлати мо доим дар партави сулҳу осиштагии тоҷикон парафшон бошад. Тоҷикистон ба пеш!.   Назарзода М.