Хабарҳо

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИ-ХАТАРЕ БА ЧОМЕА

Солҳост, ки ба гӯши мо вожаҳои даҳшатборе чун терроризму ифротгароӣ ворид шуда ва мо имрӯз дарк менамоем, ки паси ин мафҳумҳо чӣ розҳои махуфе ниҳон аст. Ба амали террористӣ қабл аз қабл омода шудан ғайриимкон аст, аз ин рӯ ҳар фарди худогоҳро зарур аст, ки дар ин масъала ҳамеша эҳтиёткор бошад. Терроризм худ аз калимаи «terror» бархоста, ҳамчун мафҳуми “даҳшат” тарҷума шудааст, ки мафҳумҳои тарсондан бо ҳукми қатл, куштор ва ҳама даҳшатҳои ифротгароиро ифода менамояд. Ифротгароӣ як шакли мураккаб ва гуногунрангии ифодаи кинаю адоват маҳсуб ёфта, аз нигоҳи коршиносон намудҳои зерини ифротгароӣ вуҷуд доранд: сиёсӣ; миллӣ ва динӣ. Коршиносони масоили иҷтимоӣ сабабҳои ифротгароиро низ ба гунаи зерин шарҳ додаанд, ки иборат аз инҳоянд: -табақабандии калони моликияти аҳолӣ боиси он мегардад, ки ҷамъият ҳамчун организми мукаммал, ки мақсаду ҳадафҳои умумӣ, ақидаҳо, арзишҳои инсониро ифода мекунад, фаъолияташро қатъ менамояд. -афзудани шиддати сотсиалӣ. -коҳиш додани ҷузъи идеологӣ дар раванди таълим, ки боиси гум шудани арзишҳои ахлоқӣ гардид. -надоштани маънавиёт, тасаввуроти равшан дар бораи таърих ва дурнамои рушди кишвар, гум кардани ҳисси соҳибмулк ва масъулият барои сарнавишти Ватан. Базаи иҷтимоии гурӯҳҳои экстремистиро одамоне ташкил медиҳанд, ки ба шароити нави зиндагӣ мутобиқ шуда натавонистаанд. Ҷавононе, ки ба муҳтавои нашрияҳои ВАО аз нигоҳи интиқодӣ муносибат карда наметавонанд, бинобар надоштани таҷрибаи ҳаётӣ, бештар ба ин таъсир гирифтор шудаанд. Ин барои гурӯҳҳои ифротгаро фазои хеле хуберо фароҳам меорад. Аксари гурӯҳҳои ифротии ҷавонон ғайрирасмӣ, кӯр-кӯрона ва бешуурона амал намуда, аъзоёни онҳо дар бораи заминаи идеологии ҳаракатҳои ифротгароӣ тасаввуроти норавшан доранд. Таъсиррасонии омилҳои беруна ва дигар сабабҳо, ки боиси пайвастан ба гурӯҳҳои ифротгароӣ мешаванд ва аъзоёни ин гурӯҳҳо ба ҳар амале, ки анҷом медиҳанд беҷазо мемонанд, имкон медиҳад, ки ҷавонони гумроҳ ба ашхоси ифротталаб якҷо шуда, ҳамчун манбаи хатар дар ҷомеа арзи ҳастӣ намоянд ва дар натиҷа қишрҳои ҷавони ҷомеаро ба гурӯҳҳои худ ҷалб менамоянд. Дар шароити имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи меъёрии муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ фароҳам оварда шуда, амал мекунад, ки барои муборизаи муассир бо терроризм ва ифротгароӣ дар кишвари мо имконият фароҳам меорад. Асосҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм инҳо мебошанд: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Қонунҳои амалкунанда: «Дар бораи мубориза бар зидди фаъолияти экстремистӣ», «Дар бораи Муқовимат бо терроризм», «Дар бораи Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъияти фавқулодда», «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои динӣ-ҷамъиятӣ», Консепсияи «Мубориза бо терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». Бояд дар хотир дошт, ки ҳама гуна фаъолиятҳои террористӣ хусусияти ҷиноятӣ дошта, аз ин рӯ, шахси ҷиноятсодиркарда ҳатман вобаста ба амали содиркардааш ҷазои сазовор мебинад. Фаъолияти террористию ифротгароӣ дар ниҳояти кор мафҳуме надоранд, аз ин ҷост, ки давлат нисбат ба идеологияи терроризм ва ифротгароӣ вокунишҳои шадид нишон дода, барои аз байн бурдани ин падидаи хатарнок мудом дар мубориза аст. Барои ба даст овардани дастовардҳои воқеӣ дар ҳаёт танҳо бо риояи қонунҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои дар замони ҳозира дар ҷамъияти мо қабулшуда имконпазир аст. Пас аз тағйир ёфтани авзоъ дар ҷаҳон ва бурузи гурӯҳҳои ифротӣ дар кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла кишварҳои арабӣ ҳаракатҳои ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ авзои сиёсии ҷаҳони муосирро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардуми гетиро зери хатар гузошт. Ин ду мафҳум ҳамчун падидаи номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, амалу кирдорҳои ин гурӯҳҳо оқибатҳои нохушеро дар ҷомеаҳои гуногун ба бор овард. Махсусан ҷавонони гумроҳ ба ин зуҳуроти номатлуб пайваста, дар натиҷа оқибатҳои ногувори он тамоми башариятро ба таҳлука оварда, боиси ҷангу ҷидол, харобии кишварҳо ва куштори мардумони бегуноҳи баъзе кишварҳои арабӣ ва Афғонистону Покистон гардидааст. Тавре ҳамагон маълумот дорем, солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамоянд. Дар давоми даҳсолаи охир ва махсусан аз нимаи дуюми асри ХХ терроризм ва ифротгароӣ мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи коршиносон ва сиёсатмадорон қарор гирифта, омӯзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Боиси таассуфи зиёд аст, ки солҳои 90-и асри пор ифротталабону зархаридҳои хориҷӣ имкон пайдо карданд, ки дар ҷомеаи суннатии мо буруз намоянд ва бо истифода аз бовариҳои мардум ба таблиғоти ақидаҳои ифротӣ пардохта, дар як муддати кутоҳ тавонистанд нооромию ҷангу ҷидолро дар кишвари азизамон роҳандозӣ намоянд ва мардумро ба табақаҳои мухолифи якдигар қарор дода, ба ҷанги шаҳрвандӣ замина гузоранд. Хушбахтона, 90 дарсади мардум аз пушти ин бадхоҳони миллат нарафта, барои пойдории ватани ягона-Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ягонагӣ муттаҳид шуданд ва қишрҳои фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба ин омилҳо бетарафӣ зоҳир накарда, бар зидди он муборизаи беамонро оғоз намуданд. Сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат дар амри таҳкими пояҳои сулҳу ваҳдат, ҳифзи арзишҳои инсонӣ, муборизаи беамон бо зархаридони хориҷӣ имкон фароҳам овард, ки мардуми шарифи мо боз ҳам муттаҳидтар гашта, ҷиҳати таъмини амнияти миллӣ, ки яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа маҳсуб меёбад, дар муқобили ифротгароён муборизаи беамонро роҳандозӣ намуда, оромию сулҳу суботро дар кишвар таъмин намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид менамоянд, ки: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки террористро ба худӣ ва бегона, ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре, ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад». Ин масъала нуқтаи меҳварии Паём буда ҷомеаро ҳушдор медиҳад, то бо ин амали мудҳишу ғайриинсонӣ, ки ҷони ҳазорон мардуми бегуноҳро зери хатар гузоштааст, муборизаи беамон бурда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ҷои таассуфу нигаронист, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ зархаридони хориҷӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки таблиғоти заҳрогини худро дар зеҳни махсусан ҷавонон ҷойгир намуда, онҳоро бар зидди миллату давлати худ ба мубориза даъват намоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷавонони нохудогоҳ ба иллати надоштани саводи кофии диниву дунявӣ ба ин зуҳуроти номатлуб майл намуда, мехоҳанд зиндагии орому осоиштаи мардумро халалдор намоянд. Бинобарин, то он ки зуҳуроти заҳрогин дар ҷомеаи мо реша надавондааст, қишрҳои худогоҳи ҷомеа бояд ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ ва қадр намудани арзишҳои волои истиқлолият тарбия намоянд ва ба тарбияи насли ҷавон эътибори хоса диҳанд, то ин ки ҷавонони мо соҳиби илму маърифат ва касбу ҳунар гашта, баҳри халқу миллат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ содиқонаву софдилона кору пайкор намоянд.

Ардашер ИСЛОМОВ.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *