Хабарҳо

Экстремизм-“Гург дар чомаи меш”.

Намояндагони Ҳукумату  давлат ва  он  нафароне, ки доимо бо  мардум дар алоқаи зич  қарор  доранд  ба мо  таъкидан  хотирнишон  менамоянд, ки  “Дар хотир бояд  дошт, ки хоинону бадхоҳони давлату миллати мо-онҳое, ки манфиатҳои милливу давлатиро қурбони нафас кардаанд ва имону виҷдони худро ба хоҷаҳои хориҷиашон фурӯхтаанд, ҳанӯз  ҳам аз ниятӯ нақшаҳои ғаразноки худ даст накашидаанд. Аз  ин лиҳоз, мо бояд ҳамеша дар фикри ҳимояи сулҳу оромӣ, суботу сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем”. Аз мушоҳидаҳо бар  меояд, ки ҷаҳони имрӯза зуд тағирёбанда аст. Ин  таъғийрёбии  босурат, албатта  бо  таъсири қувваҳои  махсуси дар чашм  ноайён мебошанд, ки дар  доираи  талаботҳои қонуни “Глобализатсия” давр  мезананд. Хар нафар, шахсият ва  халқияте, ки  ин  қувваҳои ноайёнро  ҳис  менамояд бояд ба  хотири  тинҷиву  амонӣ , сулҳу  ваҳдат дар срзамини хеш  ва ҳатто  дар  ҷаҳон ба дигарон  бояд ҳушдор диҳад. Баъзан воқеаҳои  мудҳише, ки  дар  давлатҳои алоҳида  ба монанди Сурия, Афғонистон, Шому ироқ, Укроину дигару дигарҳо… рух дода  шуда  истодааст маънои онро дорад, ки моро ҳушдор медиҳад, ки дар баробари тахаввулоти ҷаҳонӣ ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар муқобили ҳар рӯйдоде, чӣ фарҳангиву  иқтисодӣ ва чӣ сиёсиву иҷтимоӣ, пойдору устувор боқи монем. Вале мутаассифона, бархе аз ҷавонони ноогоҳ ба доми фиреби хоинони миллат афтода, зиндагии осоиштаи худро қурбони манфиатҳои ғаразноки онҳо намуда, кирдорҳои  онҳо боиси ташвишу саргардонии аҳли пайвандонашон гардидааст. Бинобар ин, чунин нафаронро дар зиндагӣ метавон роҳгумзадаву фиребхӯрда номид. Чунончи солҳои охир аъзои фаъоли ташкилотхои эктремистӣ-террористии ҲНИ, Гурӯҳи 24 аз ҷавон будан ва надоштани маълумоти кофии диниву  дунявии  ҷавонон  истифода намуда, бо усулҳои гуногун онҳоро барои шомил шудан ба сафи ин ташкилотҳо  ташвиқу тарғиб менамоянд. Ин боиси бесарбон шудани оилаҳои ҷавон, нигаронии аҳли ҷомеа, давлат ва дигар оқибатҳои вазнин мегардад. Дар ин маврид бояд тамоми аҳли чомеа якдилона пайи   ислоҳ ва пешгирӣ намудани  ин  воқеиятҳои  нангину  нанговари ҷавонон аз гароиш ба сафи ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гарданд. Ҳамватананони мо бояд донанд, ки дастгирӣ намудани ақидаҳои  иғвоангези онҳо мухолифи конун мебошад. Зеро хоинони миллат бо ғараз ва зери таъсири хоҷагони худ фаъолият намуда, барои расидан ба ҳадафҳои  нопоки худ аз ҳеҷ амале рӯ намегардонанд. Боиси хушнудист, ки  бо қарори  суди Олии федератсияи  Русия аз моҳи  сентябри соли 2022 ташкилоти ҲНИ дар  қаламрави Федератсияи Росия ҳамчун  ташкилоти  террористӣ-экстремисти  эътироф гардидааст. Бояд ёдовар шуд, ки ташкилоту ҳаракатҳои болозикр, ки ҳамчун гуруҳҳои террористӣ –экстремистӣ шинохта мешаванд, тибқи қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Тоҷикистон фаъолияташон манъ шудааст ва ҳамагуна ҳамкорӣ, кӯмак, аъзо шудан ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ – экстремистии номбурда, тарафдорӣ кардан ё ҳақ шумурдани ғояву фаъолияти  онҳо қатъиян  манъ аст. Барои ҳамкорӣ,  кӯмак, аъзошудан ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ –экстремистии  зикршуда,   тарафдорӣ кардан ё ҳақ шумурдани ғояву фаъолияти онҳо тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҷавобгарии  ҷиноятӣ  муқаррар шудааст. Бинобар  ин ҷавонон ва  тамоми сокинони кули ҷумҳуриамон огоҳ бошанд, ки  ин  гуруҳҳои  терористи экстремистӣ ҳеҷ гоҳ  аз кирдорҳои нопоки  худ даст кашидани  нестанд. Ва ҳамма вақт онҳо дар зери  дигар мафҳумҳо  муборизаро  идома  медиҳанд. Яъне тероризм ва экстемизм ба мақоли халқӣ “гург дар пустини  меш” мубориза бурда истодаанд.

Замира Хукуматова.