Омили асосии пешгирии аз байн рафтани давлати Тољикон.

Санаи 16 -уми  ноябри соли 1992 дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои  зарин сабт шудааст. Ин саннаи фархунда барои мо тоҷикон  аз ҳамма  санаҳои таърихии солҳои навадум бояд муқаддастар бошад. Чунки дар ин саннаи муқадас Худованд барои наҷоти миллати тоҷик шахсиятеро ба арсаи сарвари овард, ки  минбаъд тақдири  миллати  тоҷик,  сулҳу субот, ваҳдат ва ягонагии  ин миллати  бузург  ва аз байн  рафтанашро  пешгири намуд. Ва ба тамоми ҷаҳониён исбот кард, ки миллати  тоҷик офаранда, тамадунсоз, хештаншинос ва созанда буд, ҳаст ва  мемонад. Санаи 16-уми  ноябри соли 1992 дар толори Қасри Арбоб Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Воқеан, ҳамон сол аз моҳи  сентябр  кишварро  буҳрони шадиди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ  фаро гирифта буд, ки  метавонист Тоҷикистонро нобуд кунад.  Вазъияти сиёсӣ ба он  дараҷае расида буд, ки  собиқ Президенти Тоҷикистон дар  фурудгоҳи шаҳри Душанбе  аз ҷониби неруҳои мусалаҳи мухолиф  ба муҳосира  гирифта шуда,  ба истеъфо  маҷбур карда шуд. Дар моҳи  октябри ҳамон сол   Ҳукумати ҷумҳурӣ  ба сабаби авҷ гирифтани  даргириҳои низомӣ   байни неъруҳои мухолифи сиёсӣ фалаҷ гардида буд. Пойтахти  ватанамон ба саҳнаи  даргириҳои мусалаҳона ва ҷанги бародаркуш  мубадал шуда буд ва алакай  хоҷагони хориҷии ҷудоиандоз тақсимоти Тоҷикистонро  тарҳрези карда буданд ва якчанд рузҳои ба шумори аз байн рафтани Тоҷикистонро  интизор буданд. Дар чунин вазъи  хеле хатарнок ва мудҳиш  баргӯзор кардани иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  танҳо роҳи наҷоти миллат ва давлат буд.  Аз сабаби набудани оддитарин  шароити амният дар шаҳри Душанбе, қарор қабул карда шуд, ки Иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд баргузор карда шавад. Дар кори  иҷлосия аз  197 вакил 186 нафар иштирок намуда ба роҳбарияти нави  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо сарварии  шахси ҷасуру ватанпараст  Эмомалӣ  Раҳмон сарнавишти ояндаи миллат ва мамлакатро  муайян ва  тарҳрезӣ  намуданд. Роҳбарияти нави Шурои Олӣ  кори худро дар ин иҷлосия аз  ворид кардани  муҳимтарин ва заруртарин таъғийрот  ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афи умумӣ”  ва “Дар бораи  гурезаҳо” шуруъ намуд, ки дар он замон  бисёр масъалаи ҷидди ва доғи рӯз буданд. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳияти  таърихи дошта, дар бобати ҳалли  маҷмӯъи  мушкилотҳои ҷомеаи  оташгирифта  ва роҳҳою усулҳои ба эътидол овардани   вазъияти мамлакат 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун,  52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул намуд, ки он санадҳо барои  солҳои баъдии мардуми кишвар  чун як барномаи мукамал  ҳисоб меёфт. Зеро дар партави  қарорҳои иҷлосияи мазкур  ва такия ба соҳибистиқлолии давлатӣ  рушди  имрӯзу фардои кишвар  ба чунин дастури  ҷиддан таҳиягардида  эҳтиёҷ дошт. Яке аз вазифаҳои асосие, ки  дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   муайян гардида буд,  ба ватан баргардонидани  гурезаҳои иҷборӣ  ва таъмини  сулҳу субот  дар кишвар буд. Дар давоми солҳои 1993-2000 ба ҷои зисти доимии худ дар саросари мамлакат 950599 нафар аз Федератсияи Росия, Афғонистон ва дигар мамлакату навоиҳои гуногуни ҷумҳуриамон   бар гардонида шуданд. Вазифаи муҳими дигаре, ки дар иҷлосияи  тақдирсоз дар назди Ҳукумати мамлакат вогузор шуда  буд ин таъмини сулҳу субот, ризояти саросарии ҷомеа,  ваҳдату ягонагӣ буд. Дар натиҷаи  музокироти тулони байни тоҷикон, ки аз 5-уми  апрели соли 1994 то 27-уми июни  соли 1997 дар кишварҳои  Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Русия, Туркманистон баргузор гардида буд 40 санади  барои миллат муҳим ба имзо расонида шуд, ки муҳимтарини он “Созишномаи  сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон” буд. Баъди талошу заҳматҳои беандозаи сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  “Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ” ба имзо расида, аз тарафи сарвари мамлакат ба ҳаммаи сохторҳо ва ҳатто оддитарин нафарон шаҳрвандон барои  бозсозии ватан  ва пешбурди рушди  иқтисодӣ дастурҳо  пешниҳод гардид. Ва бозсозии ватан шуруъ  гардид.  Дар ин давра иншооте ба мисли сохтумони роҳи оҳани  Бохтар-Кӯлоб,  роҳи мошингарди Кӯлоб- Хоруғ-Кулма-Қароқурум, нақби Истиқлол, сохтумони неругоҳи  барқии обии Сангтуда, азнавсозии  роҳу  пулҳои  харобшуда дар водиҳои  Рашту Вахш ва садҳо  иншооти дигар  амалӣ гаштанд ва то  имруз чи тавре, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон шоҳид аст  ин  созандагиҳо идома доранд. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти  конститутсиониро  барқарор намуда,  харобшавии  пурраи низоми  иқтисодии мамлакатро  пешгири намуд ва ба тадбиқи дигаргуниҳо дар  иқтисоди кишвар   ибтидо гузошт. Иқтисоди бозоргонӣ ва бисёрсамтаро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва  созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ  оғоз намуд. Бегонагон ва мансабталошоне, ки таназулу нобудии давлати  тоҷиконро  мехостанд, қаҳрамонии  Сарвари бо нангу номуси ватан, фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тири онҳоро ба хок зад. Бояд ҳеҷ гоҳ халқи тоҷик фаромӯш накунад, ки он замон баъзе аз кишварҳои дуру наздик намехостанд дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ пойдор  бошад. Аммо иродаи қавии миллати тоҷик бо сарварии оқилу донояш  онҳоро  маҷбур кард, ки на танҳо сулҳи тоҷиконро тарифу тавсиф, балки сулҳу ваҳдати ба даст омадаи моро биомузанд. Дар натиҷаи ин ҷанги бародаркуш миллати мо азияти  бисёреро аз сар гузаронид. Мувофиқи ҳисобҳо ҷанги таҳмили ба  иқтисодиёти мамлакат  дар маҷмӯъ беш аз 10 милиард долари амрикои зиёни моддӣ расонид.Зиёда аз 30 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сузонда шуда, зиёда аз 55 ҳазор кудакон  ятим монданд. Садҳо бинову иншоотҳо мактабу корхонаҳо несту нобуд шуданд.  Аммо  ҳаммаи ин зарару зиёнҳо аз  тифоқ набудани худи мо сар зад. Агар он замонҳо мо байни худ Кулобиву Ғармӣ, Помириву Хуҷанди  намегуфтему дар гирди  Ҳукумати он вақта  мутаҳид  мешудем ва суханони аблаҳонаи зархаридони миллатро гуш  намедодем ба ин ҳол ва ба ин шикастҳо ру ба ру  намешудем. Имрузҳо дар ҷаҳони  муосир нобаробариҳо, қонунҳои нонавишта дар  байни ҳамма гуна халқу миллатҳо  аз ҷониби абарқудратон роҳандозӣ  гардида истодааст. Абарқудратон  он давлатҳоеро, ки нав ба  рушди иқтисодӣ қадам  ниҳодаистодаанд бозичаи дасти худ кардаанд. Ҳар яки моро зарур аст, ки ба хотири  тинҷию оромӣ ва  ваҳдати ба дастомадаамон, ба хотири ояндаи фарзандону наберагонамон, ба хотири хуни  шаҳидонамон ба якдигар дуст, бародар буда дар паҳлуи якдигар ва бо роҳнамоии  ин сарвари муаззамамон ин  раванди ҷаҳонишавиро бояд паси сар кунем.   Тоҷикистон ба пеш!.

Назарзода М. Б.