Сайёҳӣ Хабарҳо

Табиати зебо аз омилҳои ҷалби сайёҳон

Табиати зебо аз омилҳои ҷалби сайёҳон

Имрӯзҳо намунаҳои фарҳанги миллӣ ва маснуоти дастии ҳунармандон яке аз омилҳои ҷалби таваҷҷӯҳи сайёҳон мебошад. Сайёҳони кишварҳои пешрафта аз армуғонҳои сунъии пластикӣ хаста шуда, ба он армуғон ва намунаҳои либосу маснуоти ороишии хона таваҷҷӯҳ доранд, ки дастӣ ва аз маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таҳия шуда бошад.

Табиати зебо, фарҳанги миллӣ, маҳсулоти ҳунармандӣ аз даврони қадим аз омилҳои асосии ҷалби сайёҳону тоҷирон, мусофирон, ҷаҳонгардон ва зоирон будааст. Маҳз  тоҷирону сайёҳон сабаб шудаанд, ки баъзе касбу ҳунарҳо аз як кишвар ба кишвари дигар интиқол ёбанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли охир ба рушди сайёҳӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки онро ба яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисоди миллӣ табдил диҳад.

Рушд  додани ин ду соҳаи аҳамиятнок, ки воқеан ба ҳамдигар чун тору пуд пайванд мебошанд, дар оянда метавонанд барои ғанӣ гаштани буҷети кишвар ва некуаҳволии мардум мусоидат кунанд.

Бо ин мақсад шумораи мавзеъҳои сайёҳӣ дар кишвар рӯз то рӯз зиёд гардида, миқдори иншооти мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва инфрасохтори ба талабот ҷавобгӯ афзуда истодаанд. Яке аз тадбирҳои саривақтии  Ҳукумати ҷумҳурӣ аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод кардани маҳсулоти косибону ҳунармандон мебошад. Ин тадбир бо мақсади ҳавасмандсозии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ андешида шудааст.

Воқеан, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намудани як силсила тадбирҳо ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дарҳои Тоҷикистонро барои сайёҳон боз мекунад. Чунончӣ аз пардохтҳои андозу гумрук озод кардани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ, ҳамчунин, аз пардохти андоз озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ дар муддати панҷ соли аввали фаъолияташон бо мақсади тараққӣ додани ин соҳаи афзалиятнок дар ҷумҳурӣ мебошад.

Барои ҳамкориҳо ба кишвари мо ташриф овардани дигар мамлакатҳо аз тадбирҳои хуби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ин сол мебошад. Инчунин, сода кардани низоми раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва ба кор андохтани шабакаи ягонаи электронӣ ба афзудани шумораи сайёҳон мусоидат хоҳад кард.

Боварӣ дорем, ки дар ноҳияи Ховалинг низ баҳри рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, ҷалби сайёҳон ба ин ноҳияи зебоманзар дучанд меафзояд. Зеро табиати зебои ин ноҳия омили асосии ҷалби сайёҳон мебошад.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *