Хабарҳо

Офиятро оне қадр дорад, ки мувоҷеҳи уқубат гаштааст

Офиятро оне қадр дорад, ки мувоҷеҳи уқубат гаштааст

Мусаллам аст, ки бар асари амалҳои террористӣ  дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ нобуд мегарданд. Президенти кишвар зимни ҳама баромадҳояшон терроризмро амали номатлубу дур аз ахлоқи инсонӣ арзёбӣ намуда, иброз медоранд, ки: «…муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгроӣ ва тундгароии хушунатомез ҳеҷ вақт сиёсати «меъёрҳои дугона»-ро  намепазирад. Сониян ин амал на ба роҳи низомӣ, балки фақат тариқи муколамаи сиёсӣ имконпазир аст».

Дар ҳамоишҳои байналмилалии сатҳи баланд низ гуфта шудааст, ки имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хотири бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Инро таҷрибаи Тоҷикистон собит намудааст. Ҳамзамон, таъкид карданд, ки Тоҷикистон дар ин ҷода шарики ҳамаи давлатҳо хоҳад буд. Сарвари давлат дар Конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд тамоми мамлакатҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳониро ба муқовимати дастаҷамъона бо ин зуҳуроти нанговари замон даъвату ҳидоят намуданд. Дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар арсаи ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Президенти маҳбуби мо аз ҷумла иброз доштанд: «…барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бо зуҳуроти хатарзои ҷаҳони муосир бояд бар пояи ҳусни эътимод ҳамдастиву ҳамоҳангии зичи хадамоту ниҳодҳои амниятии кишварҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шавад. Ба ин мазмун, кишвари мо ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи самарабахши муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир пайваста талош карда, фаъолияти созандаро дар ин самт минбаъд низ густариш хоҳад бахшид». Имрӯз Тоҷикистон дар симои Сарвари башардӯсти худ дар самти ҳар чӣ бештар зери самои  поку беолоиш шаҳди рӯзгори хуш чашидани тамоми халқу миллатҳоро дар ҷаҳон меандешанд. Бешак, ин мавқеи башардӯстона намунаи ибрат ва лоиқи таҳсин аст.

Барҳақ Пешвои миллати тоҷик, ки аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб гардидан дар роҳи наҷоти миллату давлат ва барқарорсозии сохти конситутсионӣ аз миёни обу оташ ва саду сангарҳои зиёде ҷасурона гузаштаанд, ба қадри осоишу оромӣ ва зиндагиву рӯзгори босафо аз ҳама бештар мерасанд. «Офиятро оне қадр дорад, ки мувоҷеҳи уқубат гаштааст»,- мегӯянд дар забони халқ.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *