Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар ноҳияи Ховалинг

Таҷлили Рӯзи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар ноҳияи Ховалинг

Санаи 1-уми июни соли равон тибқи нақшаву чорабиниҳо барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон таҷлил гардид. Дар даромадгоҳи қасри фарҳанги ноҳия аз тарафи муассисаҳои таълимӣ намоишгоҳи ҳунару дастовези наврасон ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Чорабинӣ бошад, дар саҳни қасри фарҳанги ноҳия таҷлил гардид. Пеш аз оғози чорабинӣ аз чӣ бошад, ки касе ба назорати кӯдакони иштирокдошта, камар намебаст. Кудакон он рӯз ид доштанд ва мебоист бо хушнудию фараҳмандӣ ин рӯзро таҷлил менамуданд. Аммо омӯзгороне, ки он рӯз баҳри назорати кӯдакон масъул буданд, дар ҳар канор нишаста, ба қавле роҳат мекарданд. Кӯдакон бошанд, бе назорат монда, гоҳ дохили қаср медаромаданду гоҳ ба даромадгоҳ. Як зумра масъулини дигараш ба кӯдакон суханҳои сахт гуфта аз дохил берун мекард. Кассе он рӯз ба кӯдакон эътибор намедод. Ҳамин минвол чорабинӣ оғоз гардида, нахуст сухани табрикӣ ба муовини раиси ноҳия, Аҳрорзода Гулбарг Шариф дода шуд. Муовини раиси ноҳия бо суханони пурмуҳтаво аз таърихи таъсиси ин рӯзи муқаддас ҳарф гуфта, ҳама кӯдакони иштирокдошта ва дар симои онҳо тамоми кӯдакону наврасони ноҳияро муборакбод гуфт. Сипас, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши фарҳанг, бахши ҳифзи муҳити зист, ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҷавонӣ” ва мактаби санъати бачагонаи ба номи Фатҳиддин Тешаев ба як қатор фаъолон ва хонандагоне, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ, озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок намудаанд ва ғолибони ин озмун ифтихорномаю туҳфаҳо супорида шуд.

Нигаронкунандааш ин аст, ки баъди ҳар як барнома мудири бахши фарҳанги ноҳия Наргис Ҳикматова ба масъулин-омӯзгорони мутасаддӣ ва намояндагони муассисаҳо таъкид менамояд то наврасонро ҷо ба ҷо гузоранд, аммо аз ин гуфтаҳо касеро парвое нест.

Зимни суханронии муовини раиси ноҳияи низ шуру мағал дар сатҳи боло буд ва дилхоҳ омӯзгорро ҳамон лаҳза аз суханронии муовини раис суол мекарданд, боварӣ дорам, ки намедонист, ки мавсуф чӣ иброз дошт.

Ба замми ҳамаи ин иштироку ҳавасмандии наврасон қобили таҳсин буд. Ҳаваскорони муассисаҳои таълимӣ ва мактаби санъати бачагонаи ноҳия дар ин чорабинӣ ҳунару ис-теъдоди фарҳангии хуб нишон доданд. Сурудҳои ҷаззобу рақсҳои дилошуб боиси болидаруҳии аҳли тамошобинон гардид. Аммо масъулинро зарур аст, ки нисбати ҳар як чорабинӣ масъулияти бештар ҳис намоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *