Хабарҳо

Табиат ҳамеша ба ғамхорӣ ниёз дорад

Табиат ҳамеша ба ғамхорӣ ниёз дорад

Ҳолати экологии ҳар як нуқтаи аҳолинишин аз мавҷудияти минтақаҳои сабз вобаста аст. Ҳар яки моро ба он водор месозад, ки баҳри ободиву сарсабзии табиати диёри биҳиштосоямон саҳмгузор бошем. Вақте, ки нисбати муҳити зист беаҳамиятӣ ва беэътиноӣ намоем, оҳиста-оҳиста мавҷудоти табиат рӯ ба нестӣ оварда, дар натиҷа боиси пайдоиши ҳар гуна ифлосиҳо дар муҳити зист ва ҳавои атмосферӣ мегардад.

Бояд қайд намуд, ки дарахтони минтақаҳои сабзи шаҳру шаҳракҳо ҷангалҳои шаҳрӣ ба ҳисоб рафта, фонди ягонаи давлатии ҷангалро ташкил медиҳанд ва таҳти ҳимояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” ва Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ғайриқонунӣ буридани дарахтон ва буттаҳои сабз бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”, Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад. Тибқи меъёрҳои санитарӣ барои инсон ҳавои бо озон бой гардидаи ҳарораташ 20-22 дараҷа ва бо намнокии миёнаи 40-46% лозим аст.

Мувофиқӣ санадҳои меъёрии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сари ҳар як аҳолии шаҳрҳо бояд, ки камтар аз 10 метри мураббаъ минтақаҳои сабз мувофиқат намояд. Минтақаҳои сабз ҳаворо бо оксиген, равғанҳои эфирдор ва қатрон, ки аз ҳаво сулфид, ангидриди сулфат, пайвастаҳои фтордорро фурӯ мебаранд, бой мегардонад. Як гектар дарахтони минтақаҳои сабз миқдори оксигенро, ки барои 200 нафар одам кифоя мебошад, хориҷ намуда, то 200кг гази карбонро дар як шабонарӯз фурӯ мебарад, то 600 тонна чанг ва заррачаҳои ҷисми сахтро нигоҳ медорад. Аз ин рӯ мавқеи минтақаи сабз барои паст кардани ҳарорати гармӣ хеле калон аст. Баргҳои рехтаи дарахтон, ки дар натиҷаи борон тар шудаанд, барои кирмҳои лойхӯрак ғизои хуб маҳсуб меёбанд. Дар 1га замин кирмҳои лойхӯракрто 1,5 тонна баргҳоро аз нав коркард намуда, барои беҳтар кардани ҳолати таркиби хок ва ғизогирии он мусоидат мекунанд.

Нависанда Соим Улуғзода гуфтааст: Ҳар маҳал вобаста ба шароити географӣ ва ҷойгиршавии табииаш дар он манзараҳои гуногун аст, ки дар офаридани асари пурмазмун манбаи илҳоми бадеӣ мебошад.

Мавлуда Назарова.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *