Хабарҳо

Бостоншиносони Тоҷикистону Россия дар ноҳия ҳафриёт мегузаронад.

Бостоншиносӣ

Хонақои Севодара: бостоншиносони ТоҷикистонуРоссия ҳафриёт мегузаронад.

Ховалинг яке аз гӯшаҳои нодиртарину боѓановаттарин олам аст. Дар ин сарзамини маъруфу машҳур ёдгориҳои зиёди таърихию фароҳангӣ, ки қимати байналмилалӣ доранд, хеле зиёд мебошад Яке аз ёдгориҳои муҳими умумибашарӣ, истиқоматгоҳҳои қадимтарини одамони ҷомеаи ибтидоии асри санг-давраи полеолити поёни Кулдара, (миллионсола), Хонақои Севодара, «Лоҳутӣ», «Оби Мазор»,«Дӯстӣ» ва Сафеддараи Шукнов ба шумор мераванд. Ҳамин аст, ки ин гӯшаи дилрабои беназир ҳамчун ташхисгоҳи (лабараторияи) табии олам дар илм хизмат мекунад ва омӯзишу таҳқиқотҳо ҳар сол идома меёбанд.

Ба наздикӣ экспедитсияи бостоншиносӣ барои гузарондани ҳафриёти геобостоншиноси дар бошишгоҳи асри санги Хонақо Севодара, ки дар асоси шартномаи дуҷонибаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносииба номи А. Дониш АИҶТ ва Институти ҷуѓрофии Академияиилмҳои Россия баргузор гардида истодааст, ба кор шуруъ намуд.

Экспедитсия, ки аз 13 июн то 15-июли соли ҷориро дарбар гирифтааст аз рӯи иҷозатномаи Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 13-06-2019, №1-11/1585 дар ҳайати бостоншинсони зерин идома меёбад.

Бостоншиносон аз Тоҷикистон: Шарифов А-корманди илмӣ, роҳбари гурӯҳ, Сайфуллоев Н-корманди илмӣ, Сосин П. М-корманди илмӣ, Қараев А-лабарант, Филимонов М-ронанда.

Бостоншиносон аз Россия: Қурбонов Раҷаб-номзади илмҳои география (туркман), корманди илмӣ, роҳбари гурӯҳ, Мещерякова О. С-корманди илмӣ, Кулакова Е. А-аспирант, Дедов И. С-аспирант.

Дар ҳамин равиш дар корҳои ҳафтриётӣ аллакай 8 нафар аз ҷавонони маҳаллӣ ба кор даъват карда шуда, корҳо идома доранд. Ҳайати бостоншиносӣ дар деҳаи Тиён маскун шуда, барои онҳо шароити зарурӣ муҳайё мебошанд.

Мақсади экспедитсияи геобостоншиносӣ аз омӯзишу таҳқиқоти қабатҳои хок ва ёдгориҳои асри санги ин гӯшаи нодири бостоншиносӣ иборат аст. Алҳол корҳои гиобостоншиносӣ босуръат идома доранд.

А. Саидзода

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *