Хабарҳо

Як ҳамоиш миёни кормандони соҳаи буҷет

Як ҳамоиш миёни кормандони соҳаи буҷет

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ ба шахсони ҳукуқӣ ва вокеӣ махсусан ба кормандони ташкилотҳои буҷети ва нафақагирон дар якҷояги бо Шӯъбаи минтакавии Бонки миллии Точикистон, Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб, Раёсати Агентии сугуртаи иҷтимои ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар митакаи Кӯлоб ва филиали №56 БДА ҶТ «Амонатбонк»-и минтақаи Кӯлоб дар шаҳру навоҳии минтақа бо ҷалби ташкилотҳои буҷетӣ ва фаъолон як нишасти судманде ба миён гузошта шуд.

Дар ҳамин замина ҳафтаи сипаригардида дар ноҳияи Ховалинг як ҳамоише миёни кормандони соҳаи буҷетӣ, молия, филиали бонки амонатгузорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳи корӣ гузаронида шуд.

Дар ин ҳамоиш якчанд нафар аз кормандони соҳоти гуногун суханронӣ намуда, атрофи андешаҳои дар боло зикргардида ба ҳозирин ақидаҳояшонро иброз доштанд.

Иштирокдорон низ тавонистанд дар рафти ҳамоиш фикру андешаҳои худро ба мутахассисини соҳа баён намуда, ба якчанд суолҳои хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Аз ҷумла, Лариса Мирзоева як корманди соҳаи тандурустӣ ба масъулин даъват ба амал оварданд, ки тибқи имкониятҳои мавҷуда дар ноҳия як дастгоҳи бонкомотӣ насб намоянд, ки аз тарафи масъулин хуш пазируфта шуд. Умед дорем, ки дархости Лариса Мирзоева ҷомаи амал мепӯшад.

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *