Хабарҳо

Ташрифи сарвазири мамлакат ба ноҳияи Ховалинг

Ташрифи сарвазири мамлакат ба ноҳияи Ховалинг

Санаи 23-юми июли соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Ховалинг сафари якрўзаи корӣ анҷом дод. Дар ин сафар муҳтарам Қоҳир Расулзодаро ҳайати корӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Нуриддин Саид, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар, сардори раёсати рушди сайёҳӣ дар вилояти Хатлон Шамсулло Салимзода ва роҳбарони як қатор сохтору мақомотҳо ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни ташрифашон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла сохтмони бинои Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, беморхонаи №2 воқеъ дар деҳаи Лоҳутӣ, коргоҳи дўзандагӣ, бинои Амфитеатр, боғи фарҳангию фароғатӣ, сохтмони бинои Маркази ҷавонон, сохтмони беморхона дар маркази ноҳия, меҳмонхона, осорхонаи Восеъ ва дар кадом сатҳ қарор доштани корҳои сохту соз, инчунин омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва тайёрии ҳамаҷониба барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмони воломақом-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рўзҳои наздик ба ноҳияи мо сафари кориаш дар назар аст, дастуру супоришҳо дод.

Бояд зикр намуд, ки чунин вохўриву сафарҳои корӣ ва дастгириҳои фарзандони баруманди кишвар аст, ки ноҳияи мо дар як муддати кутоҳ таъғири ҳусн кардаву ба як шаҳраки зебову дилнишин табдил ёфт. Мумфаршкунии роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта, аз ҷумла роҳи беморхонаи марказӣ, роҳҳои дохилии маркази ноҳия ва роҳи Мазори Ҳазрати Султон, кабудизоркунӣ ва шинонидани гулу гулбуттаҳои ороишӣ, рангубору таъмири хонаҳо ва деворҳои сарироҳи, азнавсозии дукону мағозаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ бо тарҳи наву замонавӣ, таъсиси нақлиётҳои мусофиркаш дар самтҳои Лоҳутӣ-Ховалинг ва Ховалинг-Мазори Ҳазрати Султон аз зумраи чунин иқдомҳову заҳматҳои шабонарўзие мебошанд, ки сокинони ноҳия ба орзуву ормонҳои хеш расиданд.

Ализода Муҳсин Алӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *