Хабарҳо

Намади сиёҳ ба шустан сафед намешавад

Намади сиёҳ ба шустан

сафед намешавад

Имрӯз яке аз мушкилоти давлату миллати тоҷик мубориза ба муқобили ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоие мебошад, ки пайваста дар кӯшиши ноором сохтани ҷомеа, ба вуҷуд овардани норозигии мардум нисбати сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат ва Президенти кишвар мебошад.

Ба ин номгӯ Ҳизби наҳзати ислом, ” Гурӯҳи-24 “, ” Салафия” ДОИШ ( Давлати исломии Шому Ироқ)-ро номбар кардан мумкин аст, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳо, аз ҷумла дурӯғ, буҳтон, худро ғамхор, ворис ва пуштибони дину оин, душмани амалҳои зишти террористӣ нишон додан, мекӯшанд, ки тинҷию осудагии ба даст овардаи халқро халалдор созанд.

Имрӯз онҳо гуфтор, рафтор ва амалашонро вобаста ба шароит дигар намуда, мисли гург дар либоси гӯсфанд амал мекунанд. Зеро душманони миллату давлат хуб медонанд, ки мардуми кишвар он мардуми солҳои навадуми асри гузашта нестанд. Чашми мардум кушода шудааст. Имрӯз онҳо дӯстро аз душман ба хубӣ фарқ мекунанд.

Гарчанде ҳизби террористӣ будани ҲНИ, “Гурӯҳи- 24” , “Салафия”, ДОИШ сад дарсад собит шуда, фаъолияти онҳо дар ҷумҳурӣ ва дигар давлатҳои дунё боз дошта шуда бошад ҳам, онҳо ҳеҷ гоҳ худро террорист ва ҳизбу гурӯҳашонро ҳизбу гурӯҳи террористӣ намеҳисобанд.

Ҳамаи ин ҳизбу ҳаракатҳо аз як манба ва сарчашма маблағгузорӣ мешаванд ва фаъолияти ҳамаи онҳо як умумият доранд, ки он бо сӯистифода аз боварии динии мардум ноором кардани авзои сиёсии давлатҳо, ба вуҷуд овардани зиддияти иҷтимоӣ, мубориза ба фарҳангу асолати қадимаи миллатҳо, гумроҳсозии ҷавонон ва муқобили насли калонсол шӯронидани онҳо, бераҳмӣ, қатлу куштор, даҳшатафканӣ мебошад.

Ҳаёти талхи ба доми ин ҳизбу ҳаракатҳо афтодани одамон ва алалхусус ҷавонон собит месозад, ки аз торҳои танидаи ин ғундаҳо ва каждумони заҳрдор   раҳоӣ ёфтан хеле душвор аст. Онҳоро чунон мағзшӯӣ, зидди давлату миллат тайёр менамоянд, ки аз тарси ҷон, надоштани роҳи бозгашт ба Ватан ноилоҷ ба ҳама гуна амали зишти террористӣ даст мезананд. Мо алакай дар кишвар шоҳиди чандин чунин ҳодисаҳо гардидем.

Бо назардошти чунин ҳолат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш ботакрор таъкид менамояд, ки хавфи амали террористӣ на танҳо ба давлат ва ҷомеа, балки ба ҳар як оила таҳдид мекунад.

Имрӯз мо вазифадорем, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат фарзандони худро аз ин хавфу хатар огоҳонем. Онҳоро дар чунин руҳияе тарбия намоем, ки Ватани худро сидқан дӯст доранд, барои ҳифзу нигаҳдории он дастовардҳое, ки дар асоси сулҳу ваҳдати сартосарии мардуми кишвар ба даст омадааст, ҷоннисорӣ намоянд.

Дар шароити рушди техника ва технологияи муосир барои паҳн намудани тамоми фикру андеша, аз ҷумла паҳн намудани суханони иғвоангезона ва бадномкунанда шароит фароҳам аст. Дар ҷавоби ҳамагуна суханони иғвоангез мо бояд сухани ҳақро гӯем. Бо мисолҳо аз ҳаёти хушбахтонаи халқ ба ҷаҳониён собит созем, ки ҲНИ ҳамон ҲНИ-ест, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандиро барангехт. Мардумро гуреза ва дар ба дар гардонид. Иқтисодиёти кишварро ба сифр баробар кард. Дар ин ҷанги бемаънӣ бештар аз 160 ҳазор одамон ҷон бохтанд. Садҳо ҳазор кӯдакон ятим ва бепарастор монданд ва имрӯз ҳам ин ҳизб дар кӯшиши он аст, ки чархи таърихро ба қафо баргардонад. Ба чӣ хотир? Ба хотири он маблағҳои беҳисобе, ки аз хоҷагони хориҷии худ барои дигар кардани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон гирифтаанд.

Фаъолияти зиддидавлатии Ҳизби наҳзати ислом намади сиёҳеро мемонад, ки соҳибаш мехоҳад ба шустан онро сафед кунад. Вале зӯри беҳуда миён мешиканад. ҲНИ дар назди мардуми Тоҷикистон бо гуноҳҳои нобахшидании худ чун намади сиёҳ боқӣ мемонад. Ягона роҳи шустани гуноҳ ва амалҳои зишти худ сидқан иқрор гардидан ва дар назди қонун ҷавоб гуфтан аст.

Сайҷалол Сатторзода,

мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.