Варзиш Хабарҳо

Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

 Рузи 12 ноябр, дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар маросими ҷоисасупории ба қаҳрамони Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи бонувон баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуотии Федератсияи футболи Хатлон иттилоъ доданд, дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар рафти чемпионати имсола маҳорати баланд нишон дод. Дар натиҷа дар 16 бозӣ ғалаба карда, як бозиро мусовию як бозиро бо бохт анҷом дод ва бо 49 имтиёз дар мавқеи аввали ҷадвали мусобиқа қарор гирифта. Имрӯз ба футболбоздухтарони ин тим медалҳои тило ва Ҷоми қаҳрамон тақдим гардид.

Зинаҳои дуюм ва сеюмро дар мавсими имсола дастаҳои “Зебо”-и ноҳияи Дӯстӣ ва «Зебоннисо»-и шаҳри Душанбе ишғол намуданд.

Дар мусобиқаи имсола дарвозабони беҳтарин Меҳрона Файзуллоева аз дастаи “Хатлон”, нишонзани беҳтарин Меҳрангез Шарипова аз дастаи “Хатлон”, бозингари беҳтарин Худододова Некубахт аз дастаи “Зебонисо” ва мураббии беҳтарин Ашӯр Гадоев аз дастаи “Хатлон” дониста шуданд.

Аз тарафи Ташкилоти қарзии “Фурӯз” ба ғолибони лигаи бонувон туҳфаҳо супорида шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар чемпионати имсола 10 даста иштирок намуд, ки 7 даста вилояти Хатлонро намояндагӣ мекарданд. Инҳо дастаҳои «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Барқ»-и шаҳри Норак, «Ситора»-и ноҳияи Фархор, «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ, «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритуз, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав мебошанд.

Дар маросими ҷоисасупорӣ роҳбари шуъбаи футболи бонувони Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилором Нусратуллоева, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Фариза Абдуллозода, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов иштирок доштанд.